Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ШВКД-1 дар шаҳри Исфара

Имрӯз (16.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд, ба Шӯъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 ширкат варзид.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин кормандони милитсия, дружинчиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфара иштирок доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷраҳои корӣ, шароитҳои муҳайёгардида барои ҳайати шахсии Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз наздик ошноӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки дар шафати бинои мазкур Ситоди дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъсис дода шуд, ки ҳамкории мардумро бо мақомоти милитсия боз ҳам қавитар мегардонад.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфараро бахшида ба фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод намуд.
Қайд гардид, ки дар пеш ҷашни таърихӣ ва қадимаи аҷдодии мо қарор дошта, кормандони милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани Наврӯз тамоми тадбирҳоро андешанд.

Дар ин ҷода кормандони милитсия баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бояд аз худ масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар самти пешгирӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканӣ фаъолияти хизматиро пурзӯр намоянд.
Ҳайати шахсии Шӯъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҷавобан ба ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳорату малакаи касбии худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани иди байналмилалии Наврӯз равона намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва тинҷию амонии кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Дилгармии насли наврас ба омӯзиши илмҳо дар литсейи «Раҳнамо»

    Хушбахтона бо мададу дастгирии роҳбарияти Ҳукумати кишвар шароити муассисаҳои таълимии ....

    27.01.2020 16:46
  • Содир намудани кирдори ҷиноӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи ....

    27.01.2020 12:05
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ....

    27.01.2020 12:03
  • Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғҳои қимматноки ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони ....

    27.01.2020 12:02
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 26-уми январи соли 2020, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи ....

    27.01.2020 11:59
  • Тақаллубкорӣ дар ҳаҷми махсусан калон

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ....

    25.01.2020 09:16
  • Суғд: Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

    Санаи 23-юми январи соли 2020 вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ....

    24.01.2020 12:56
  • Дуздии таҷҳизоти ороишӣ аз дохили кошонаи ҳусн

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    24.01.2020 10:06
  • Садамаи нақлиётии марговар бинобар сабаби беаҳамиятии ронанда

    Рӯзи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи ....

    24.01.2020 10:03
  • Расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 35-солаи сокини деҳаи Хоҷамусои ....

    23.01.2020 10:23
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика