Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии милитсияи минтақа иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавӣ бо даровардани Парчамӣ миллӣ ва танинандоз гардидани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Сипас сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон ҷашн мегиранд.
Воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон ба шумор рафта, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
Дар чорабинии тантанавӣ таъкид гардид, ки дар тӯли 24 соли фаъолияти Артиши миллӣ афсарону сарбозони он тавонистанд вазифаи муқаддаси худро содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, бо ҷасорату мардонагӣ, фидокориву хизматҳои шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди касбии хеш амнияти давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва дахлнопазирии марзу буми кишварро сарбаландона таъмин намоянд.
Шариф Назарзода зимни суханронаш зикр намуд, дар солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, навобаста аз он, ки дар кишвар вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳукмфармо буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомӣ ва пуштибони Артиши миллӣ ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина ба сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони варзида, дорои маҳорат ва малакаи баланди касбӣ иқдом карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қисмҳои ҳарбиву низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои техникаву лавозимотҳои муосири ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, воситаҳои пайвасткунандаи кайҳонӣ, машқгоҳҳои баргузории тамринҳои тактикӣ, аз ҷумла тактикии зиддитеррористӣ буда, тамоми шароитҳои муосир ва замонавӣ барои сарбозону афсарон муҳайё карда шудааст.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ як қатор ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат намуда, мактаби бузурги шуҷоату мардонагиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меомӯзанд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бамаврид гуфтаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
Зикр гардид, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ҳунармондону сарояндагони маъруфи вилоят бо дастовези суруду таронаҳои ватанхоҳӣ ба чорабинии тантанавӣ ҷилои тоза бахшиданд.

Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика