Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


РВКД дар ВМКБ: Чорабинӣ ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори РВКД дар ВМКБ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ҷузъу томҳои он, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва толибилмони литсеи Оғохон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. 

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкур оғоз ёфт.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният намуда, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори нек ва барори кор таманно намуд.
Сардори Раёсат зимни баромад қайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардидааст, ки роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай карда, ҳоло қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намояд. Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши Миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои Истиқлолияти худро мебинанд.
Итминони комил аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам, баҳри ҳифзи давлати тозаистиқлоли демократӣ-дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, дониш, малака ва маҳорати касбии худро дареғ надошта, ҷасорату шуҷоат, далериву мардонагӣ нишон дода, фаъолияти фидокоронаву кордонии онҳо, интизоми баланди ҳарбӣ кафолати пешравӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо, сардори Шуъбаи тибии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Нозанин Исмоилзода, нозири калони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат капитани милитсия Гулбегим Маъруфова дар бораи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати пуршарафи низомиён баромад намуданд.
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як қатор кормандон, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ бо рутбаҳои навбатӣ, маблағҳои пулӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.
Толибилмони литсейи Оғохон дар васфи Ватан ва Рӯзи Артиши миллӣ бо лаҳни ширину гуворо шеърҳоро қироат намудаанд.
Собиқадорон чун шахсони ботаҷриба ва кордон ҳамеша баҳри таъмини сулҳу субот бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуда, ба насли ҷавони милитсия ёрии амалии худро ҳанӯз ҳам расонида истодаанд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва иштирок дар чорабинӣ собиқадоронро низ бо маблағи пулӣ ва толибилмонро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд. Ҳамчунин, ба ин муносибат ба тамоми ҳайати шахсӣ ва меҳмонон дастархони идона ороста шуд.
Чорабинӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ бо тантана ҷашн гирифта шуда, ба ҳозирин рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуд.
Далер Чоршанбиев, корманди Маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошти зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    02.07.2020 09:16
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    02.07.2020 09:15
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ховалинг

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    02.07.2020 09:13
  • Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

    Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи ....

    01.07.2020 17:28
  • Боздошти ду нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи ....

    Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён оиди ....

    01.07.2020 11:47
  • Боздошти ҷавонони 19 ва 20-сола бо гумони қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони ....

    01.07.2020 09:18
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Хуҷанд

    Рӯзи 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    01.07.2020 09:13
  • Ҷавонони фаъол ба кумаки сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафтанд

    Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 ....

    30.06.2020 10:34
  • Рейди милитсия барои пешгирӣ аз талбандагиву оворагардӣ дар Хуҷанд

    Роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии ....

    30.06.2020 10:25
  • Мусодираи Револвер бо 6 адад тир

    Нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон сабаб шуд, ки нисбати шаҳрванд Исломов ....

    30.06.2020 10:20
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика