Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шунавандагон соҳиби сертификат шуданд!

Академияи ВКД ба ҳайси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, дар баробари аз ҳисоби ҷавонон тайёр намудани кадрҳои болаёқат барои мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамзамон, дар заминаи таълимгоҳи мазкур кормандони амалии ин мақомоти бонуфуз аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Як гурӯҳ сардорони Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баъди гузаштан аз курсҳои такмили ихтисоси даҳрӯза соҳиби сертификат шуданд.


Шунавандагони ин машғулиятҳо, ки барномаи таълимӣ-мавзӯии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаро дар заминаи Курсҳои олии академии факултети №1-и Академияи ВКД пурра аз худ карданд, дар маросими супоридани сертификатҳо сипосу миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД ва Академия баён дошта, изҳор намуданд, ки ба онҳо беҳтарин устодон ва кормандони унвонҳои илмидоштаи ин муассисаи олии таълимӣ дарс доданд.
Дар рӯзи охири машғулиятҳо ин гурӯҳи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки асосан масъулини мақомот дар маҳалҳо мебошанд, аз ҷойҳои тамошобоби пойтахти кишвар - шаҳри зебоманзари Душанбе дидан намуданд. Ҳамчунин дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ онҳо аз тамошои намоишнома таассуроти зиёд бардоштанд.
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ  


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Тақаллубкорӣ дар ҳаҷми махсусан калон

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ....

    25.01.2020 09:16
  • Суғд: Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

    Санаи 23-юми январи соли 2020 вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати ....

    24.01.2020 12:56
  • Дуздии таҷҳизоти ороишӣ аз дохили кошонаи ҳусн

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    24.01.2020 10:06
  • Садамаи нақлиётии марговар бинобар сабаби беаҳамиятии ронанда

    Рӯзи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи ....

    24.01.2020 10:03
  • Расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор зани 35-солаи сокини деҳаи Хоҷамусои ....

    23.01.2020 10:23
  • Дуздии телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 44-солаи сокини ноҳияи ....

    23.01.2020 10:21
  • Дуздии 6-сар чорво аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ аризаи марди 33-солаи сокини деҳаи ....

    23.01.2020 10:19
  • Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дучархарон ба ҳалокат расид

    Рӯзи 21-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.01.2020 10:18
  • Дуздии маблағ ва телефонҳои мобилӣ аз дохили автомашина

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    21.01.2020 10:37
  • Муайян ва ошкор шудани қаллобиҳо

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи ....

    21.01.2020 10:35
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика