Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Мулоқоти судманд бо донишҷӯён бахшида ба «Соли ҷавонон»

Бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд мулоқот ва вохӯрии хешро дар аввалин рӯзи баргузории амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» бо донишҷӯёну устодони яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор намуд. 

Вохӯрии мазкур дар толори «Кохи Рудакӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он наздики 600 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ва устодони муассисаи номбурда иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нахуст сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамкории мутақобилаи маъмурият ва муҳассилини донишгоҳро бо мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас арзёбӣ намуд.
Мавсуф зимни суханрониаш ҳамчунин аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар ҳарф зад. Аз ҷумла зикр намуд, ки рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд ҳамасола боло рафта, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи сокинонаш тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Шариф Назарзода дар баромади хеш доир ба фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳарф зада, мавқеи ин муассисаи олии кишварро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва кадрҳои соҳибтахассуси дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбӣ нек арзёбӣ намуд. Бино ба иттилои номбурда айни ҳол беш аз 200 нафар хатмкунандагони ин донишгоҳи бонуфуз дар вазифаҳои пурмасъул ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодаанд.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят инчунин аз саҳми арзандаи устодони донишгоҳ дар рушду нумӯи илми тоҷик сухан карда, афзуд, ки устодони ин даргоҳи таълимӣ тавонистанд рисолати бардӯшдоштаи хешро дар назди давлату миллат бо заҳмату дастовард ва тадқиқотҳои пурсамари илмию эҷодии хеш баҳри ба камол расонидани шогирдони ватандӯсту худшинос ва соҳибмаърифату матинирода сарбаландона иҷро намуда, аз самараи меҳнату талошҳои шабонарӯзии хеш баҳра бардоранд.

Дар фарҷоми суханрониаш Шариф Назарзода аз омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони пешсафи ҷомеа даъват ба амал овард, ки зимни баргузории чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ин қишри фаъоли ҷомеа камари ҳиммат банданд. Зеро, ки ҷавонон - нерӯи созанда ва тавонои миллат буда, бо ифтихор аз Ватан ва ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу ободии диёр бояд ҳамеша дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ саҳми босазо гузоранд.
Пас аз фарҷоми суханронӣ сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич доранд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ намуд.
Аз ҷумла бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд:
- Наврӯзов Эҳсон Маъмурович-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Ҳодибоев Фаридун Абдуалиевич-мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Суфиева Мафтуна Шаҳобиддиновна-донишҷӯи бахши 4-уми факултаи Филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Мафтунаи Абдуҷамил - донишҷӯи бахши 2-уми факултаи Физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Нурматов Шодмон Шукронҷонович - донишҷӯи бахши 4-уми факултаи Геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Яқубов Туйчибой Мақсудҷонович - донишҷӯи бахши 4-уми факултаи Забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Абдулов Искандар Абдуҳалимович - донишҷӯи бахши 4-уми факултаи Филологияи руси ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
- Хушрӯз Ҷамолзода - донишҷӯи бахши 3-уми факултаи Филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисамти дуюми вохӯрӣ мулоқоти озоду ошкоро сурат гирифт, ки дар ин қисмат аксаран донишҷӯён фаъолона иштирок намуда бо пешниҳоди саволҳо пиромуни дохил шудан ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти бонувон дар мақомоти милитсия, хоҳиши ҳамкорӣ ва фаъолият намудан дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ ва тарғиботии мақомоти милитсия ва баъзе мушкилиҳои ҷойдошта аз сардори мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудӣ баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба иброз намуда, китобҳои тозанашри донишгоҳро ба сардори РВКД дар вилояти Суғд тақдим намуд.
Дар анҷоми мулоқот зикр карда шуд, ки баргузории чунин вохӯрӣ ва суҳбати озоду ошкоро ҷиҳати таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ва равияҳои хусусияти динӣ – экстремистидошта, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон мусоидаткунанда, истифодаи ваколатҳои омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонон ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити оштинопазир нисбат ба амалу кирдорҳои хилофи қонун мусоидат хоҳанд намуд.
Муҳсин Юсупов, лейтенанти калони милитсия, корманди РВКД дар вилояти Суғд. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика