Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Мо кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами №5, «Парасту»-и шаҳри Ваҳдат бо камоли эҳтиром ба Шумо - Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории хешро мерасонем. Бояд қайд намуд, ки кормандони ин Шӯъба ба ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами № 5 ба таври ройгон 2,5 куб ҳезум кӯмак намуданд. Чунин ҳамкориҳо аз ҷониби кормандони милитсия бори аввал набуда, онҳо ҳамеша барои ҳалли мушкилотҳо кӯмаки худро аз мо дареғ намедоранд.
Бо эҳтиром,
Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5,
«Парасту»-и шаҳри Ваҳдат Т. Додоева
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>