Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди хонандагон аз қисми низомии 3502

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

Маъмурияти Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати дастгирӣ оид ба боздиди хонандагони литсей аз қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамояд.

Дар вақти сайругашт дар ҳудуди қисми низомии мазкур, хонандагони литсей аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозону афсарони ин қисми низомӣ хабардор шуда, хоҳиши хизмат намудан дар сафи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро пайдо намуданд.

Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки баъди сайругашт дар қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон ғизои маънавӣ гирифта, ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ва ҳимояи Ватанро боз ҳам бисёртар эҳсос намуданд.

Хонандагон аз ҷойи хоб, ошхона, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар ҷойҳои қисми ҳарбии сарбозону сержантҳо дидан намуда, ба шароитҳои барои онҳо таъминнамуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин хонандагони литсей шоҳиди гузаронидани машқҳои омодабошии ҷангӣ ва машқҳои ҷанги тан ба тан гаштанд.

Ногуфта немонад, ки барои азназар гузаронидани ҳудуди қисми мазкур ва ҳаёту фаъолияти сарбозону афсарон муовини командири қисми ҳарбӣ оиди кор бо ҳайати шахсӣ подполковник Мамадалиев Давлаталӣ саҳми арзандаи худро гузошта, аз таърихи таъсиси қисми ҳарбӣ ёдоварӣ карданд ва доир ба шароити муҳайёгаштаи имрӯза, ки аз шароити қаблӣ куллан фарқ дорад, ҳарф зад.

Инчунин аз ободонии гирду атроф ва биноҳои қисми низомӣ маълум гардид, ки афсарони ин қисм мутахассисони варзида дар соҳаи ҳарбӣ мебошанд, бинобар ин миннатдории беандозаи худро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки чунин кадрҳои болаёқату бомаҳоратро дар роҳи таъмин намудани бехатарии марзу буми кишвар тарбия менамоянд.

Баъди сайругашти мазкур ва таассуроти бардошта хонандагони мо ваъда доданд, ки дар оянда кӯшиш мекунанд, то дониши ҳуқуқии худро такмил дода, баҳри боз ҳам мустаҳкамтар намудани пояи сулҳу субот дар кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Директори литсей                         Маҳмадуллоев З.Н.          


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика