Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипоси рӯзноманигор ба Вазири корҳои дохилӣ

Обрӯю нуфузи Вазорати корњои дохилӣ таҳти роҳбарии Шумо тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ боз ҳам афзун гардидааст. Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар амнияту суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҳар гуна падидаҳои ҷиноятӣ ва алалхусус инъикоси воқеъбинонаи воқеоту ҳодисоти кишвар хеле назаррас аст. Имрӯз мардум дар симои корманди милитсия ҳомии тартиботу ҳуқуқ ва мушкилкушои проблемаҳои худро мебинад.

Боварию эътимоди халқ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи зичи онҳо бо аҳолӣ дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан бар зидди ҳар гуна кирдорҳои номатлуб пайваста эҳсос мегардад.    

Бо эҳтиром, 

18.03.соли 2015                                            Мустафоева Л.Н.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика