Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтихори собиқадори милитсия аз насли ҷавон

Ба Вазири корҳои дохилии        

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

муҳтарам Рамазон Раҳимзода,

аз номи Ғаниев Саттор             

истиқоматкунандаи н.Ғончӣ,   

деҳаи Қалачаи Азим, нафақахӯри ВКД  

 С И П О С Н О М А

Мӯҳтарам Вазир, зиёда аз 10 сол мешавад, ки ман нафақахӯрам ва дар системаи ВКД зиёда аз 35 соли тақвимӣ яъне аз моҳи майи соли 1969 то моҳи июни соли 2005 кор кардаам, ҳоло бошад давраи пирӣ ронда истодаам, норозигӣ надорам, шукр мекунам ва шукри ҳамин хел сарзамини тинҷу осоишта мекунам.

26 декабри соли 2014 ба телефони дастиам занги телефон шуд, гӯш кунам «Ман сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ майори милиса Рӯзибоев Сӯҳроб мешавам», гуфта пурсу пос кард ва хоҳиш кард, ки ба ШВКД ба утоқи кориаш ҳозир шавам. Ба утоқи кориаш ҳозир шуда, розигӣ пурсида дохили утоқи корӣ шудам ва баробари дохил шудан майори милиса Рӯзибоев Сӯҳроб аз ҷояш хеста ба наздам омада, салом карда ҳолпурсӣ намуд ва ба курсӣ нишастан таклиф намуд (ӯ маро намешинохт, ки ман собиқ корманди милисаам). Баъди ин ба ман сабаби даъват карданашро фаҳмонд. Дар вақти гап заланаш, агар занги телефоне мешуд, аз ман «узр», «бахшиш» пурсида гӯшаки телефонро мебардошт, касе ба утоқи кориаш даромаданӣ мешуд, «мебахшед акоҷон баъд аз 20-25 дақиқа медаромадед» гуфта мефаҳмонд. Баъд аз гуфтугӯи байни якдигар ба ман фаҳмонд, ки аз ман шогирдаш баёнот мегирифтааст. Дере нагузашта, ҷавоне дохили утоқи корӣ шуд ва худашро «Лейтенанти милиса Сидиқов Улуғбек» муаррифӣ намуд. Ҷавон хушгуфтор, гапҳояш ба худаш мезебад, аз рӯи баёнотгириаш маълум, ки бо ариза нағз шинос шудааст, 10 ё 15 дақиқа аз ман баёнот гирифт ва ман умуман аз ин лейтенант «дағалӣ», «таҳқир» ва ё сохтакориро ҳис накардам, баръакс ҳавас кардам, фахр кардам ва охирон ӯ фаҳмид, ки ман нафақахӯри ВКД мебошам аз нав бахшиш пурсида, салом кард. Ҳамин тавр майори милиса Рӯзибоев Сӯҳроб низ аз нав бо ман пурсу пос намуд, бахшиш пурсида маро ба назди сардори ШВКД ноҳия Пиров бурд ва то ба утоқи кории сардор омаданамон ду-се нафар коргарони милисаро вохӯрдаем, ки баробари дидан дастро сари сина бурда салом медоданд.

Дохили утоқи кории сардор шудам, он кас ҳам аз ҷой хеста, салом дода то ними утоқи кориашон омада бо ман салом карданд. Ҳолпурсӣ намуда, чӣ камбудӣ дорам, ёрдам даркор гуфта суол карданд. Баъди сӯҳбати на он қадар тӯлонӣ маро гусел карданд. Аз бинои ШВКД баромада, маро хаёл зер кард. «Канӣ ҷавон бошаму, бо ҳамин хел инсонҳо кор кунам», раҳмат ба одобу услубашон, суханҳои дилкашу дилсӯзашон.

Раҳмат ба Шумо, Вазири мӯҳтарам, ки коргарони милиса он вазифаю супоришҳои Шуморо иҷро карда истодаанд. Ҳосили кори милиса дар тарафи шаб маълум мешавад, ҳама ҷо ором аст. Шабона дар маркази ноҳия натарсида бемалол мегардед ва ана ҳамин оромиву осоиштагӣ маҳсули меҳнати коргарони милиса мебошад.

Бо ин ман гуфтанӣ нестам, ки онҳо то ин вақт кор накардаанд, албатта нодуруст мебошад, онҳо кор мекарданд, вазифаашонро иҷро мекарданд, аммо ман бори аввал бо онҳо сару кор доштам, ҳавасам омад, фахр кардам, аз муомила, одобу услуби онҳо, раҳмат ба ҳамааш, ки ин меҳнати ҳосили Шумоён мебошад. Боз мегӯям Рахмат.

Нафақахӯр:                                                      Ғаниев С.          


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика