Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кунем, лозим оядо, нисор ҷону тан!

 

Ё чӣ тавр кормандони милитсия бар ивази ҷон чандин нафарро аз марг наҷот доданд

"Дар минтақаи хизматӣ қарор доштам, як нафар ба наздам омада, аз фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок хабар дод. Ба ҳамкоронам: Саюмарсу Лоиқ, ки барои наҷоти одамон ба мавзеи мазкур рафта буданд, занг задам. Аз он ҷониб садое наомад. Хавотир гаштам, ба худ гуфтам, ба инҳо чӣ шуда бошад? Дар сар сад фикру хаёл ба мавзеи тармафароӣ рафтам. Ҳамкоронамро наёфтам, баланд садо кардам. Чанд бор, такрор ба такрор. Ногоҳ як садои пасте аз сӯйи дарё ба гӯш расид. Саросемавор ба поён раҳсипор гаштам. Лоиқро дар ҳолати тарсу ҳарос ва ҳаяҷонзада ёфтам. Баъдан огоҳ шудам, ки ҳангоми хизмат чун онҳо мебинанд, ки тарма чанд нафар сокинонро ба коми худ фурӯ бурд, дарҳол аз пайи наҷоти шаҳрвандон шитофтанд. Ҳамин тавр, кормандони милитсия 4 нафар сокинонро аз зери барфтӯдаҳо берун, ба ҷойи бехавф бароварда, аз марг наҷот доданд ва вақте хостанд бори дуюм ба зарардидагони дигар ёрӣ расонанд, худ зери тарма монданд.
Тӯдаи барфе, ки сержанти калони милитсия Лоиқи Файзалӣ дар он дармонда буд, ба сӯйи дарё лағжид ва хушбахтона, дарё барфтӯдаро об намуд ва Лоиқ аз марг наҷот ёфт, вале мутаассифона, дар ин ҳодиса ҷони ҷавони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов аз даст рафт. Ҷисми беҷони зери тарма мондаи ӯро 31-уми январ, аз лаби дарёи Майхура, ки аз роҳи калони мошингузар тахминан 750 метр дур аст, пайдо кардем".
Ин ҳодисаи даҳшатоварро чунин нақл намуд шоҳиди ҳодиса, корманди взводи шуъбачаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб, сержанти калони милитсия Алишер Раҳимзода.
Оре, маҳз фидокориву инсондӯстии ин нафарон буд, ки ҷони чандин шаҳрвандон аз доми марг наҷот дода шуд, вале боз ҳам дар ин ҳодисаи табиӣ як нафар корманди ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст дод.
Тавре командири взводи ШХДМ ШВКД дар ноҳияи Варзоб, майори милитсия Қиёбек Имомёрбеков иброз намуд, баъди огоҳӣ пайдо кардан онҳо ҳамроҳи роҳбарияти шуъба ба ҷойи тармафароӣ ҳозир шуданд. Роҳ аллакай баста буд, онҳо пиёда ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 8 нафарро аз марг наҷот доданд ва ҷисми беҷони дигаронро низ аз зери барфтӯдаҳо бароварданд.
Бо расидани хабари фаврӣ роҳбарияти ВКД низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадови марҳум баъди адои хизмати ҳарбӣ моҳи марти соли 2016 ҳамроҳи бародараш Каюмарс ба ҳайси милитсионери шуъбачаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб ба кор шуруъ намуда буд.
Аз суҳбат бо ҳамкорони ӯ ба мо маълум гардид, ки Саюмарс ҷавони хушрафтор, хушмуомила, ботамкин ва дар муносибат ба кор ҷиддӣ буда, вазифаҳои хизматиашро нағз медонист ва супоришҳои роҳбариятро саривақт иҷро мекард. Ӯ дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву беҳтарин хислатҳои инсониро доро буд. Барои дигар ҳамкорон намунаи ибрат ва ҷисману рӯҳан обутобёфта буд.

Наврӯз ҶОБИРОВ

PS. Роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД ба наздикону пайвандони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов, ки дар роҳи наҷоти шаҳрвандон ҷони худро аз даст дод, ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Воқеан, он ҷасорату мардонагие, ки ин корманд ва дигар ҳамкорони ӯ нишон доданд, шаҳодати содиқ будан ба Савганд ва мояи ифтихори тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ду устои таъмири нақлиёт сабукрави мизоҷро тасарруф карданд

    Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ....

    23.11.2020 18:11
  • Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ

    Рӯзи 23-юми ноябр дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ....

    23.11.2020 14:18
  • Семинари омӯзишӣ вобаста ба мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар ....

    Бо мақсади ҳамкории самараноки кормандони милитсия бо ҷомеа рӯзҳои 20-21-уми ....

    23.11.2020 11:44
  • Дуздии телефон ва маблағ аз ҷониби ноболиғон

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 32-солаи сокини кӯчаи ....

    23.11.2020 11:41
  • Ҳаракат ба самти муқобили роҳ боиси фавти мусофир гардид

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи ....

    23.11.2020 11:39
  • Суғд: Семинар машварат дар самти фаъолияти амалияи маъмурӣ

    Рӯзи 20-уми ноябр бо ташаббуси Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар ....

    21.11.2020 10:40
  • Ошкор шудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи ....

    21.11.2020 10:36
  • Ҷангу ҷанҷоли амакбачаҳо бо кордзанӣ анҷом ёфт

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи ....

    21.11.2020 10:30
  • Рушду такомул ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

    Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки ....

    20.11.2020 16:53
  • 20.11.2020 15:30
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun3

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика