Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азизе аз дидаҳо рафт…

Раҷабов Фарҳод Олмаҳмадович 12 апрели соли 1965 дар вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи №82 шаҳри Душанбе, соли 1982 ба Донишгоҳи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1989 хатм намуда, аз 1 августи соли 1989 то 1 декабри соли 1991 ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар редаксияи маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», аз соли 1991 то соли 1992 дар маҷаллаи «Тоҷикистон» кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 1993 то моҳи ноябри ҳамон сол дар Донишгоҳи давлатии забонҳо дар вазифаи ассисенти кафедраи филологияи тоҷик кор карда, баъдан ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор шурӯъ намуда, дар ин муддат дар вазифаҳои ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намудааст.
Дар муддати кориаш дар мақомоти корҳои дохилӣ худро ҳамчун корманди фаъол ва ташаббускор нишон дода, баҳри волоияти қонун, тарбияи кормандони ҷавон, баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолият дар мақомоти милитсия кӯшиш ба харҷ додааст.
Ин буд, ки фаъолияти кории Раҷабов Фарҳод Олмаҳмадович аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорат қадрдонӣ карда шуда, ӯ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.
16-уми январи соли 2017 риштаи ҳаёти сардори Шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҷабов Фарҳод Олмаҳмадович баъд аз бемории тӯлонӣ канда шуд.

Марги нобаҳангоми дӯст, бародар, ҳамкор моро сахт андӯҳгин карда, ба аҳли оила ва хешу табори марҳум сабри ҷамил хоҳонем.

Хотираи неки Раҷабов Фарҳод Олмаҳмадович абадӣ дар қалби мо зиндаю ҷовид хоҳад монд.

 

 

Ёд дорам, ки вақти зодани ту,

Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки вақти мурдани ту.
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Салом дӯст ва бародари азиз Фарҳод, салом марде, ки бо ҳама солорию виқор ва ақлу заковати худодод ҳамчун як инсони оддӣ, ҳамдаму меҳрубон дар ин рӯзгори нобасомон бо хулқу атвори нек ва хоксорию хайрхоҳӣ дар дилу дидаҳо нақш гузоштӣ. Фавти ту на танҳо барои модар ва бародароне, ки туро аз ҷон бештару беҳтар дӯст медоштанд, гарон ва ногаҳонӣ буд, ҳамзамон барои атрофиён, ҳамкасбон ва онҳое, ки аз кӯмаку дастгирӣ ва аз суҳбати ту баҳра бурда буданд, хеле вазнин афтод. Ҳанӯз бори ғаму андӯҳи Ховари ҷавонмарг аз дилу дидаҳо нарафта, ту бо рахти сафар бастан ба манзили хомӯшон қалбҳои пайвандон ва дӯстонатро садпора ва қомати болои эшонро аз ин мусибати гарон хам намудӣ.
Ту зистан мехостӣ, бо мушкилӣ, ноҷӯрӣ ва он монеаҳои ҳаёт, ки пешорӯят меомаданд, дар мубориза будӣ. Талош доштӣ дар бари бародарон ва паҳлӯи модари азизу хоҳарони дилсӯзат корвони зиндагиро ба манзили мақсуд бирасонӣ ва муроди фарзандону хушнудии наберагонро дида армон шиканӣ. Вале, дасти аҷал нагзошт бо расидан ба мақсадҳои нек ҳавасҳои дар дил нуҳуфтаро дида, баъди ранҷу озори зиндагӣ рӯзгореро ба оромӣ ба сар бибарӣ. Имрӯз ҷойи ту холист, ҳамсару фарзандон субҳу шом интизоранд, ки ту меоӣ ва бо лутфу меҳрубонӣ аз ҳоли онҳо мепурсӣ, вале умеди онҳо чун ҷавонии ту зуд пир шуд, нигоҳҳо сард, чеҳраҳо тира гаштанд, акнун чашмҳо дигар сӯйи берун назар намекунанд ва зангӯлаи дар мисли пеш бо садои "Фарҳод омаданд!" аҳли оиларо ба пешвози ту намебарад.
Намедонам, модару бибии Муҳаммаду Муҳиддин ба пурсишҳои пайвастаи наберагон, ки ҳар замон дар куҷо будани бобояшонро мепурсанд, чӣ посухе медода бошанд? Аҷаб нест дурӯғ ҳам гӯянд, ки бобо дар сафар асту имрӯз ё фардо меояд. Магар ин тифлакони дустрӯ дарк мекунанд, ки бобояшон онҳоро абадӣ тарк кардааст ва дигар дасти навозиш болои сар намебарад, дигар аз гунаҳои гулгуни Муҳиддин бӯса зада, ӯро даври худ чарх намедиҳад. Шояд онҳо боборо бо он шириниҳое, ки ҳар замон ҳамчун дастовез тӯҳфа менамуд ва дастоне, ки гарм ба оғӯш кашида, дӯстдорӣ менамуд, ёд карда бошанд. Шомгоҳон ба ҳар садои занг худро дами дар гирифта - ана бобоям омаданд, - гӯён хонаро ба сар кашанд. Сад дареғ, ки аҷал он гармӣ, навозиш ва меҳрубониҳои боборо аз наберагон рабуд.
Моҳе қабл туро дар роҳ азми сафар дидам ва гуфтам сафар ба хайр, гуфтӣ: - ба хайр аст, набераҳоро пазмон шудам, дидорбинӣ ба деҳа, ба Фалғарзамин меравам ва номи онҳоро бо меҳр ба забон овардӣ.
Бо гузашти солҳо, набераҳо табассум ва илтифоти Фарҳодро аз аксу суратҳо ҷуста, ҳангоми ба бузургӣ расидан дарк мекунанд, ки бобо воқеан як инсони соддаву хоксор, беозор, бо меҳру самимият ва меҳрубон буд.
Рӯзҳои дар бистари беморӣ қарор доштанат, нафарони зиёд ба аёдат омада, кӯшиши диданатро мекарданд, вале духтурон иҷозат намедоданд. Он лаҳзаҳо байни марзи ҳаёту марг қадам мезадӣ, барои раҳоӣ аз чанги марг бо аҷал дар мубориза будӣ. Ҳушу ёди ҳама ба он фурсате банд буд, ки кай хабари хушу хушҳолкунандаро табибон ба мардум мерасонанд. Рӯзу шаб ва соат мисли ҳафта ва моҳҳо ба назар мерасид. Ба пурсишҳои пайиҳами аёдаткунандагон - Фарҳод чӣ хел шуд? - кӯтоҳ посух медоданд. Ҳанӯз чун рӯзҳои аввал, ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Ин хабар қалбҳоро маъюс ва шуълаи умедро дар вуҷуди одамон хомӯш мекард.
Ду рӯз пас аз бистарӣ кардан, шояд ба хотири таскин бахшидан ва ё шуълаи умедро бедор намудан, хабар доданд, ки ба рӯят сурхӣ дамида, ҳатто ба ҳаракат омадӣ. Ин хабари хушу ногаҳониро ҳама фоли нек пиндоштанд ва қатраҳои ашк ноаён аз рухсораи Холмаҳмад шорид. Ашк, ашки шодӣ ва умед ба фардо буд, зеро шабҳои бехобӣ ва соатҳои интизорӣ дар ҳавои сард Холмаҳмадро афгору хаста карда буд. Ӯ бо тамоми вуҷуд талош дошт туро аз чанги аҷал халос созад. Медидам, ки ин хабар чӣ гуна зуд ва бо хушҳолӣ телефонӣ ба наздикону дӯстон мерасид. Қалбҳои атрофиён чун чароғе, ки хонаро рӯшан мекунад, нур гирифт. Чеҳраҳо шукуфта, ҷунбише дар миёни издиҳоми он ҷо будагон эҳсос гардид ва ҳар яке бо садои Худоро шукр, даст ба рӯй кашида, мехост ин пайки шодиро ба дигарон низ расонад.
Мегӯянд, инсонҳо пеш аз марг нишонаи ҳаётро аз худ зоҳир менамоянд. Шояд он рӯз чунин буд ва хостӣ як лаҳза қалбу вуҷуди дӯстонро аз бори андӯҳ раҳонида, пардаи ғамро аз рӯяшон дур афканӣ ва исбот кунӣ, ки Фарҳод намиранда аст ва бояд зинда монад. Ин фиреб буд, фиреби талхе, ки дар як лаҳза қолаби зиндагиро дар либоси марг бар танат пӯшонд. Ин одати ту буд, нахостӣ касе аз сухан, рафтору амал ва бемории ту озор ёбад. Ту шояд аз мардуми берун хиҷолатзада будӣ, чаро ки натавонистӣ шуълаи умеди онҳоро, ки ҳар лаҳза ва ҳар нафас шифо ёфтанатро аз Худо талаб мекарданд, рӯшан созӣ.
Як поси шаб бо хоҳиш ва исрор аз табибон наздат рафтам. Ҳамон чеҳраи ошно ва солору бовиқор, танҳо сарду хомӯш. Садо кардам Фарҳод, вале нашунидӣ. Дилам таҳ кашид, хаёлам як лаҳза ба олами руъёҳо рафт, боварам наомад, ки як марди қавӣ ва ҳозирҷавоб қудрати посух доданро надорад. Вуҷудам такон хӯрд, ба худ гуфтам, шояд сахт хаста ва хобат бурда бошад. Рӯ ба табиб овардам, ӯ низ хомӯш монд ва китф дарҳам кашид. Гуфтам, умед ҳаст? Оҳи сарде кашид ва боз сукут ихтиёр кард, вақте берун омадем, - тақдир дар дасти Офаридгор аст, - кӯтоҳ ҷавоб дод ва бозпас рафт. Ин охирин дидори ту буд, ки дар бистари марг бароям иттифоқ афтод.
Бовар накарданист, ки ту зиндагӣ, хона ва коргоҳро абадан тарк кардӣ ва дигар суҳбат, базмҳо ва нишастҳоро гарм намекунӣ, танҳо аз номат ёд мекунанд. Ба назар мерасад, ки ҳаёт беранг, хона сард ва коргоҳ холӣ гардида, зиндагӣ маънии хешро гум кардааст. Фавти инсонҳои бошарафу баномус ҳамеша дарднок аст. Марг бераҳм аст ва ба касе лутф надорад, хурсандиро ба ғам ва табассумро ба гиря печида, шодии кӯдаконро аз лаб ва осоишро аз хона мерабояд.
Ҳар субҳ ҳангоми гузар дари ҳуҷраи кориатро ногумон мезанам, садое нест. Он хабари шум ба ёдам мерасад, дилам хиҷил мегардад. Баъдан меоям, шояд бо коре баромада бошӣ, худро тасалло дода, пас мегардам. Пушти ҳуҷраи корӣ боз одамон меоянд ва мераванд, туро мепурсанд, забонам намегардад, ки гӯям, ӯ фавтидааст. Ин сухан хеле дардноку сангин аст.
Ҳаёт ва марг ҳарду тавъаманд. Яке дар қалби инсонҳо умед ба ояндаро бедор намуда, дигаре ҳама орзуву ормон ва ҳастии инсонро ба нестӣ мебарад.
Вақте нур аз чашм, ҷон аз тан ва гармӣ аз бадан меравад, фоҷиа барои одамон ногузир аст. Андешаи марг ҳамеша моро озурда ва хотирамонро мушавваш месозад, гоҳе, ки бармаҳал ва ногаҳон ба суроғи мо меояд. Магар подоши заҳмат кашиданҳо ин аст, ки роҳати онро нодида меравем. Вале, мо таҳамулпазирем, ба мушкилӣ ва мусибати рӯзгор тоқат мекунем ва боз бо умед ба фардо назар карда, нақшаи идомаи зиндагиро дар қолаби ҳаёт мерезем. Мо ҳам меравем, вале зиндагӣ идома дорад.
Фарҳод азизе буд аз дидаҳо рафт ва ба дилҳо нишаст.

Ҷалолиддини САДРИДДИН 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика