Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки як муддат боиси маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе мегардад, аз сокинону меҳмонони пойтахт маъзарат мехоҳад.
Рӯзҳои 13-16-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баъзе маҳдудиятҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста ба баргузории чорабиниҳои шаҳрдорӣ, амалӣ карда мешаванд.
Дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М.С.Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш, ба роҳ монда мешавад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Дӯстии Халқҳо, Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ.Валаматзода, М.Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ.Шерозӣ ва дигар роҳҳои таворавӣ (объезд) ҳаракат намоянд.
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>