Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Саразм далели таърихи бою пурғановати миллати тоҷик

354Саразм – яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷи Осиёи Миёна мебошад. Шаҳркадаи Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, ки дорои таърихи 5500-сола мебошад, дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна-Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Масоҳати умумиаш қариб 90 гектарро ташкил медиҳад. Саразм дар зарфи беш аз ҳазор сол, бахусус дар давраҳои энеолит ва асри биринҷӣ рушд ёфта, дар худ равобити гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми тоҷикро таҷассум кардааст ва он ёдгории беназир ба ҳисоб меравад.

Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ Литвитс В.А. Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад. Шаҳраки Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далели рушди пешрафтаи шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии он асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ,моҳигирӣ, шикорчигӣ, инчунин косибӣ ва маъдангудозӣ машғул будааст. Мавқеи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши худ онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз ҳама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеи шикор дар ҷомеа, азхудкунии сарватҳои табиӣ ва ғайра. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба Роҳи абрешим шомил гардид. Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқи Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд. Кишоварзӣ ба мисли дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустаниҳоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инҳо ҷав ва гандум мавқеи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва юғу испор. Аз эҳтимол дур нест, ки Саразмро дар масоҳати беш аз 100га бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ қариб ба 10 000 мерасад.
Бояд иброз намуд, ки ин ёдгории беназири қадима тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос, шодравон Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.
Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, мо миллати фарҳангӣ,тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем.
Мавриди зикр аст, ки ду маротиба, солҳои 2003 ва 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ёдгории Саразм боздид намуданд. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ болопӯш карда шуд.
Саразм дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнуъгоҳи таърихиву ботоншиносӣ»-ро соҳиб гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳрести мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки аз 12 то 28-уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин конфронс таҷлили 5500-солагии Саразми бостониро 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифтанд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда шудани ин ҷашн мояи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хоҳад гашт. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд. Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшударо ба ҷаҳониён шоиста муарифӣ намоем. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ёдгориҳои таърихиро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллат муносибат намоем. Дар ҳақиқат ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Инчунин вазифаи муқаддаси ҳар як сокини худогоҳи кишвар аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ тарбия намуда, дар қалб ва мафкураи онҳо эҳтиром нисбат ба Ватан, илму фарҳанг, таърихи бою пурғановати кишварро ҷой диҳем. Дарвоқеъ, мо ки будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Мо бояд ба оламиён осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтарбударо бештар муаррифӣ кардаву намоиш дода тавонем. Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ қарзи виҷдониву инсонии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоем. Барои ҳимояи Ватани аҷдодиамон-Тоҷикистони озоду маҳбуб ҳамеша омода бошем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи ҳар яки мо ифтихор намоянд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Рӯйдодҳо

  • Боздошти зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    02.07.2020 09:16
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    02.07.2020 09:15
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ховалинг

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    02.07.2020 09:13
  • Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

    Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи ....

    01.07.2020 17:28
  • Боздошти ду нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи ....

    Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён оиди ....

    01.07.2020 11:47
  • Боздошти ҷавонони 19 ва 20-сола бо гумони қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони ....

    01.07.2020 09:18
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Хуҷанд

    Рӯзи 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    01.07.2020 09:13
  • Ҷавонони фаъол ба кумаки сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафтанд

    Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 ....

    30.06.2020 10:34
  • Рейди милитсия барои пешгирӣ аз талбандагиву оворагардӣ дар Хуҷанд

    Роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии ....

    30.06.2020 10:25
  • Мусодираи Револвер бо 6 адад тир

    Нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон сабаб шуд, ки нисбати шаҳрванд Исломов ....

    30.06.2020 10:20
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика