Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Озмуни шоҳномахонӣ байни хонандагон дар Исфара

572

Рӯзи 5-уми ноябр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик бо ибтикори роҳбарияти ШВКД-2 дар шаҳри Исфара байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умӯмии минтақаи маъмурӣ озмуни Шоҳномахонӣ баргузор гардид. Маҳфили Шоҳномахонӣ миёни толибилмони мактабҳо аз ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух дар Маркази ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гузаронида шуд.

Илова бар ин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи достонҳои Шоҳнома саҳнаҳои тарбиявиро ба намоиш гузоштанд.
Чорабинии фарҳангӣ бо мақсади таҳкими нерӯи зеҳнии наврасон, бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷалби онҳо ба мутолиаи асарҳои бадеӣ, сайқали маҳорати суханварӣ ва огоҳи ёфтан аз адабиёти пурғановати ниёгон ташкил карда шуда, ҳадафи дигар пешгирӣ аз беҳудагардии наврасон унвон карда шуд. Дастандаркорон ба пурдонӣ, зиёд аз бар намудани байту асарҳои Шоҳнома, дарки маънӣ, тафсири байт, қироати ифоданоку хушбаёнии иштирокчиён баҳо доданд.
Озмуни Шоҳномахонӣ бо иштироки 280 нафар хонандагони мактаб ҷараён гирифта дастаи толибилмони МТМУ №25-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷойи аввал, МТМУ №58 зинаи дуюм ва хонандгони МТМУ №65 мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Муовини сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара подполковники милитсия Солеҳҷон Парпиев ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуда, бори дигар онҳоро ба донишандӯзӣ, аз ҷумла мутолиаи асарҳои бадеӣ ҳидоят намуд.

573574

Иқдоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби омӯзгорон, волидайну сокинони минтақа хуш пазируфта шуд ва онро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас муфид хонданд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Рӯйдодҳо

  • Садамаи нақлиётии марговар

    7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    07.08.2020 10:12
  • Аз ҳиссиёти рашк ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    07.08.2020 10:09
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 21-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    07.08.2020 10:04
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ....

    07.08.2020 10:01
  • Амалиёти муоинаи техникӣ дар ВМКБ

    Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ....

    07.08.2020 09:25
  • Нақши Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳои ....

    Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълим ....

    06.08.2020 10:32
  • Бо роҳи фиреб гирифтани 6 ҳазор доллари амрикоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Рушон бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    06.08.2020 10:26
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Кӯшониён

    Санаи 5-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.08.2020 10:24
  • Ваҳдат – омили таҳкими ҷомеа

    Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ....

    05.08.2020 13:51
  • Тасарруф намудани гарданбанди тиллоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Сино-2 аризаи зани 36-солаи сокини шаҳри ....

    05.08.2020 10:44
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика