Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мавқеи зан - модар дар ҷомеа

«Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

119

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 бори дигар ба ин масъала дахл карда шуд. Сардори давлат ҳанӯз соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд. Барои солҳои 2001-2010 «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.
Танҳо дар соли 2006 дар воҳидҳои масъули давлатӣ 15% занон буда, 24% хизматчиёнии давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар сатҳи олӣ – Маҷлиси намояндагон занон раисии кумитаҳои онро (2 нафар) ба ӯҳда доштанд. 49,8%-и аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Дар соли 2005 ба Маҷлиси намояндагон 11 зан интихоб гардида буд, ки 17,5 фоизи вакилонро ташкил менамуд. Ба Маҷлиси миллӣ - 4 нафар, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо - 34 нафар, шаҳрӣ - 93 ва ноҳиявӣ - 291 зан интихоб гардиданд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. То 1 майи соли 2000 дар сохтори вазорату идораҳои ҳокимияти иҷроия шахсони аввал - 6,8%, муовинон - 9,3%, сардорони раёсатҳо - 13,1%, муовинони сардорони раёсатҳо - 29,1% ташкил медоданд. Дар мақомоти судӣ то соли 2004-ум 18,6% занон буданд, ки дар тамоми сатҳҳои судӣ фаъолият доштанд. Дар воҳидҳои дипломатӣ занон 21, 25%-ро ташкил медоданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад. Инчунин, маҷаллаҳои оммавӣ аз ҳаёти занон иттилоъ медиҳанд. Дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи занон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология амал менамояд. Чунин комиссияҳо дар дигар сатҳи мақомоти намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ амал менамояд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш аз 1500 занону духтарон фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо дар воҳидҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар ин Вазорат Шӯрои занон ва духтарон амал менамояд, ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузургро мебозад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба мавқеи занону духтарони ВКД таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД ба назар расида, дар парадҳои ҳарбии идҳои давлатӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. Барои тарбияи кӯдакони онҳо боғчаи бачагона амал намуда, дар назди ансамбли «Сипар», ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД гурӯҳи хурдсолон аз ҳисоби фарзандони кормандзанон амал менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд, ки дар фазои давлатҳои ИДМ камназир мебошад.
Бозоралӣ Асламов, муовини сардори факултети №2-и Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия,
Бахтиёр Самиъзода, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, майори милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Фаъолияти Шӯрои собиқадорони МКД дар партави Паём

    Зимни як ҷаласа бо иштироки фаъолони Шӯрои созмони собиқадорони МКД ....

    29.01.2020 14:14
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол дар ноҳияи Рӯдакӣ

    Рӯзи 28-уми январи соли 2020 дар қасри Фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ....

    29.01.2020 14:08
  • Кордзанӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада

    Рӯзи 27-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, ба беморхонаи ....

    29.01.2020 13:39
  • Даст ба ғоратгарӣ задани марди қаблан судшуда

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    29.01.2020 13:37
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздӣ дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 48-солаи сокини ....

    29.01.2020 13:36
  • Ташкили фоҳишахона бар ивази мукофотпулӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи ....

    29.01.2020 13:34
  • Музоядаи фуруши аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт

    Музоядаи фуруши аломатҳои ба қайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт

    28.01.2020 17:23
  • Семинар-машварат барои кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ

    Бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва РВКД дар ....

    28.01.2020 15:53
  • Рушди ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа

    Рӯзи 28-уми январи соли 2020 сардори ШВКД дар ноҳияи Нӯробод ....

    28.01.2020 14:36
  • Ошкор шудани дуздии маблағу ҳуҷҷатҳо аз дохили сандуқи чӯбин

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди ....

    28.01.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика