Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


“Рӯзи шиноснома”

Ҷорӣ гардидани системаи шиноснома таърихи 87 сола дошта, 27 декабри соли 1932 аз ҷониби Раиси Комитети иҷроияи марказии ИҶШС Калинин Михаил Иванович, Раиси Совети комиссарони халқи ИҶШС Молотов Вячеслав Михайлович ва котиби Комитети иҷроияи марказии ИҶШС Енукидзе Авель Сафронович қарор таҳти №57/1917 «Дар бораи муқаррар намудани системаи ягонаи шиносномавӣ ва бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳо дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ» қабул карда шуда буд ва ҳамин рӯз, яъне 27 декабр ҳамчун “Рӯзи шиноснома” қайд карда мешавад. 

Қаблан бахши шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, танҳо ба масъалаҳои шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Дар давраи солҳои истиқлолият ин самти фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ васеъ ва мустаҳкам карда шуда, охирҳои соли 2006 бо якҷоя гардидани масъалаҳои муҳоҷират Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъд аз таъсис ёфтани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2011 таҳти №151-6 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №598-20» дар таркиби сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нав «Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ» таъсис дода шуда, тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2011, №10б/з Низомномаи он тасдиқ карда шудааст.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ намудани вазифаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, ӯҳдадориҳо оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию-бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин барои амалӣ намудани вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, таъсис дода шудааст.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ айни замон аз 8 шӯъба иборат мебошад, аз он ҷумла:
- шӯъба оид ба корҳои шиносномавӣ;
- шӯъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирӣ;
- шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо;
- шӯъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри
Душанбе;
- шӯъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ;
- бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ;
- шӯъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва таъминотӣ;
- шӯъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ;
- котибот.
Воҳидҳои поёнии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар таркиби сохтории раёсатҳои корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, ба воҳидҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ тобеъ мебошанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷумла баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 таҳти №64 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7”, ки бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба роҳ монда шудааст, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст:
- ба мақомотҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаҳои 5 апрели соли 2019, 30 апрели соли 2019 ва 12 июни соли 2019 талаботҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд, ки дар онҳо омадааст:
- барои ташкили раванди сари вақт додани шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 ва маълумотонидани васеи аҳолӣ оид ба талаботи қарори дар боло овардашуда, чораҳои зарурӣ андешида шавад;
- ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба монеагӣ ва кашолкорӣ роҳ дода нашавад;
- шаҳрвандон барои иваз намудани шиносномаи эътиборноки намунаи соли 1996 ба шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда нашаванд;
- реҷаи қабули шаҳрвандон дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилоятҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи зайл муқаррар карда шавад:
- дар мавсими тобистон то соати 22:00;
- дар мавсими зимистон то соати 20:00;
- дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон оид ба гирифтани шиноснома бо тартиби рӯзи пурраи корӣ (душанбе-шанбе) ба роҳ монда шавад;
- ҷалби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то супориши махсус ба чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ қатъиян манъ карда шавад.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мебошанд, бо мактуби таҳти №42/7-2153 аз 14 майи соли 2019 ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ирсоли паёмак ба муштариён пешниҳод карда шуд.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои қарори мазкур мутобиқи супориши Вазири корҳои дохилӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба вилоятҳои МКБ, Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар шӯъбачаҳои шиносномавӣ бо шаҳрвандон суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, бо шароитҳои қабули шаҳрвандон шинос шуд ва ин иқдом аз ҷониби Ситоди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки баҳри иҷрои қарори мазкур таъсис дода шудааст, идома дорад.
Пас аз сафарҳои мазкур ва шиносоӣ бо шароитҳои мавҷуда дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гӯшаҳои иттилоотӣ (нархномаҳои хизматрасонӣ), шароити қабули шаҳрвандон, аз ҷумла нишастгоҳҳо барои нишастани шаҳрвандон, дастгоҳи оби нӯшокӣ (куллер) ва кондитсионер таъмин карда шуданд. Инчунин, барои воридшавии шаҳрвандон дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даромадгоҳҳои алоҳида ташкил карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои қарори мазкур ва саривақт таъмин намудани шаҳрвандон бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби кормандони матбуоти ВКД ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар васоити ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ идома доранд, аз ҷумла дар барномаҳои зерин суҳбату намоишҳои иттилоотӣ анҷом дода шуд:
- дар барномаи “Милитсия ҳомии ҷомеа”, барномаи “Мавқеъ”- телевизиони Сафина;
- барномаи “Воқеият”-телевизиони Тоҷикистон;
- барномаи мустақими радиои Тоҷикистон “Фурсати баён”, барномаи “Бозтоб”;
- барномаи радиои Садои Душанбе “Ҳуқуқи Шумо”;
- рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”;
- рӯзномаи “СССР”;
- рӯзномаи “Садои мардум”;
- ҳамчунин тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабару иттилоот нашр карда шуд.
Дар натиҷаи ин чораҳои андешидашуда дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 1 126 614 (соли 2018 - 431327) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 695287 адад шиноснома зиёд барасмият дароварда шудааст.
Дар ин давраи соли 2019 аз тарафи кормандони Хадамот ва воҳидҳои поёнии он аризаҳои 447408 нафар шаҳрвандон оиди гирифтани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ қабул карда шуда, ба 408802 нафарашон шиносномаи хориҷӣ дода шудааст.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Рӯйдодҳо

  • Боздошти зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    02.07.2020 09:16
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    02.07.2020 09:15
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ховалинг

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    02.07.2020 09:13
  • Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

    Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи ....

    01.07.2020 17:28
  • Боздошти ду нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи ....

    Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён оиди ....

    01.07.2020 11:47
  • Боздошти ҷавонони 19 ва 20-сола бо гумони қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони ....

    01.07.2020 09:18
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Хуҷанд

    Рӯзи 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    01.07.2020 09:13
  • Ҷавонони фаъол ба кумаки сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафтанд

    Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 ....

    30.06.2020 10:34
  • Рейди милитсия барои пешгирӣ аз талбандагиву оворагардӣ дар Хуҷанд

    Роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии ....

    30.06.2020 10:25
  • Мусодираи Револвер бо 6 адад тир

    Нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон сабаб шуд, ки нисбати шаҳрванд Исломов ....

    30.06.2020 10:20
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика