Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кинология: Соҳае, ки ҳамеша барои пешгирии ҷинояткорӣ мусоидат менамояд

373

Ҳамасола санаи 21-уми июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии таъсисёбии хадамотҳои кинологӣ дар сартосари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қайд мекунанд. Зеро кормандон ва масъулини хадамотҳои кинологии мақомотҳои қудратӣ масъулияти муҳиммеро ба зимма доранд, чунки на ҳар кас донишу қобилият ва маҳорати омӯзонидану ба манфиати ҷомеа истифода бурдани сагро дорад. Ин ҷонварони ба инсон дӯст, дар навбати худ, таъминоту нигоҳубини махсусро талаб менамоянд, ки ин ҳам бошад, танҳо ба манфиати ҷомеа аст. Дар баробари дигар ҷонвароне, ки ба инсон ром шудаанду ба нафъи ӯ хизмат менамоянд, саг низ бо вафодориву хизматҳои худ назди инсон мақомеро ишғол намудааст. Имрӯз бо боло гирифтани ақлу дониш, одамон ин ҷонваронро дар ҳар ҷода баҳри ҳифзи моликияту ҳимояи худ ва дигар самтҳо истифода мебаранд.

374375

Бо мурури замон, бо мақсади таъсис додани Маркази хадамотҳои кинологӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки фаъолияти марказро ба танзим медарорад, инчунин лоиҳаи барномаи рушди маркази кинологӣ ва ҷалби сармоягузорон дар амалӣ намудани лоиҳаи мазкур омода ва ба роҳбарият пешниҳод гардид.
Тавре дар суҳбат ба мо, сардори ин марказ полковники милитсия Шуҳрат Улмас иброз дошт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2006 ва бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми феврали соли 2007 дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчун воҳиди алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ Маркази Хадамоти кинологӣ таъсис ёфтааст.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мавсуф моҳи марти соли 2004 барои ташкили шуъба оид ба кори хадамотҳои кинологӣ ба роҳбарияти ВКД пешниҳод ирсол намуда, бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи роҳбарияти ВКД ин пешниҳод дастгирӣ ёфт ва дар назди Раёсати нозиротӣ-таҳлилии ВКД шуъбачаи кинологӣ ташкил карда шуд. Сипас, бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ моҳи ноябри соли 2011 Низомномаи Маркази Хадамоти кинологии ВКД тасдиқ шуд.
Тибқи ин низомномаи фаъолият, хадамоти мазкур масъалаҳои таъмин намудани ташкили фаъолият ва омодакунии мутахассисон-кинологҳоро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии сагони махсуси омодагардидаи ҷустуҷӯӣ, махсус, муҳофизатӣ ва посбоникунанда, ки ҳангоми пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо истифода мегарданд, пойгоҳи асосӣ барои нигоҳдорӣ, бадастоварӣ, парвариш ва зиёдкунӣ, инчунин тайёр намудани сагони хизматӣ, хизматрасонии байторӣ ба онҳо, ҳамчунин таъмин намудани ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо сагони хизматиро муқаррар ва амалӣ менамояд.
Саҳми ин ниҳод дар пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояткорӣ ва кумак ба кори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ назаррас аст.
Фаъолияти кормандони марказ бо истифодабарии сагҳои хизматӣ хуб ба роҳ монда шуда, сол то сол ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил гардида истодаанд ва ҳамкориҳо бо раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил, дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар тақвият ёфта истодаанд.
Инчунин, бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ чандин маротиба дар раёсатҳои оперативӣ ва дигар воҳидҳои ба самти фаъолият алоқаманд аз ҷониби роҳбарияти марказ дарсҳои махсус оид ба истифодабарии кинологон ва тартиби амали кормандон дар ҷойи ходиса гузаронида шуда, дар ҳамкорӣ чандин ҷиноятҳои содиршуда ошкор гардидааст.

376377

Аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз аз ҷониби кормандони марказ садҳо ҷиноятҳо, аз қабили ошкор ва дарёфти асбобу ашё ва далелҳои шайъии ҷиноят, маводи мухаддир, шахсони гумшуда ва дигар самтҳои фаъолият ошкору муайян карда шуда, инчунин дар даҳҳо амалиётҳои зидди террористӣ, боздоштнамоии ҷинояткорон дар манотиқи гуногуни кишвар сидқан ва далерона иштирок намудаанд.
Тавре дар боло ёдрас шудем, кормандони ниҳод бо сагҳои хизматӣ дар тамоми чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон нақши назарраси худро гузошта истодаанд.
Имрӯз дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳалли масаъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ яке аз ҷойҳои муҳимтаринро мутахассисони ихтисосманди хадамоти кинологӣ ишғол меномоянд, ки ҳамасола онҳо бевосита ва мунтазам дар Маркази хадамоти кинологии ВКД бо ҷалби мутахассисони хориҷиву ватанӣ, алалхусус кормандони ихтисосманди Академия ва Раёсати ташхиси криминалистии ВКД курсҳои омӯзишӣ гузаронида, мутахассисони самти фаъолиятро бештар менамоянд.
Ҳамзамон, барои ҳайати роҳбарикунандаи хадамотҳои кинологии мақомоти корҳои дохилӣ пайваста машғулиятҳои бозомӯзии касбӣ гузаронида мешавад, ки мақсад аз гузаронидани машғулиятҳо, пеш аз ҳама, тайёр намудани мутахассисони соҳаи кинологӣ дар рӯҳияи баланди созандагию бунёдкорӣ, дарки масъулияти баланд, нангу номуси ватандорию ватандӯстӣ, ки онҳо дорои маҳорати ташкилотчигӣ ва баланди касбӣ ва иҷроиши вазифаҳои ба дӯши хадамоти кинологӣ вогузоштаро амалӣ намоянд, равона гардидааст.
Тавре роҳбари ниҳод полковники милитсия Шуҳрат Улмас изҳор намуд, бо дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва кӯшишҳои пайвастаи кормандони марказ шумораи сагони хизматиро зиёд намуда, солҳои 2011, 2012 ва 2013 ба ҷузъу томҳои ВКД ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 20 сар саг барои Хадамоти давлатии «Муҳофиза», 12 сар саг барои ДТММ, 4 сар саг барои Ротаи махсуси зудамали милитсия, 20 сар саг барои ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ, 20 сар саг барои Қӯшунҳои сарҳадӣ, 5 сар саг барои Агентии назорати маводи нашъовар, дар маҷмӯъ, 71 сар сагро ройгон таъмин намудем. Айни замон дар нигоҳубин ва таълим дар марказ 90 сар саги хизматӣ, аз ҷумла зотҳои «Доберман», «Ротвелер», чорвобони олмонӣ – «Овчарка», «Маленоа - овчаркаи белгӣ», «Спанел»-и русӣ, «Хаски»-и сибирӣ қарор дорад.
Ин сагон ба нигоҳубини ҳаматарафа ва машқу сайру гашт фаро гирифта шуда, доимо таҳти назорати бойторон қарор доранд.
Ҳамчунин, тасмим гирифтем, ки бо дастгирии роҳбарияти ВКД якчанд навъи сагҳои хушзотро, ки дар пешрафти кори соҳа заруранд, харидорӣ намоем ва онҳоро ба манфиати ҷомеа истифода барем.

378379380

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Маркази хадамоти кинологӣ ва ҷузъу томҳои он минбаъд низ баҳри иҷрои Амру Фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Онҳо фаъолияти худро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебаранд. Кормандони марказ дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарҳуқуқӣ дар назди қонун, робита бо аҳолиро яке аз омилҳои пешрафти соҳа дониста, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо бо сари баланд ва содиқона иҷро менамоянд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика