Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Бо илму хирад тавонгарӣ осон аст

251Зиндагӣ барои ҳар инсон набардгоҳеро мемонад, ки ба ин ё он тарз фарзанди одамӣ онро тай менамояд. Ва хеле хуб аст, ки одамӣ ин майдони разму базмро хуб гузарад ва бо амалу рафтори мардонагиву намунавӣ хотироти неке ба ёдгор гузорад. Зеро, беҳуда нагуфтаанд, ки:

Нек дарёбу бад макун зинҳор,
Ки баду нек боз хоҳӣ дид.
Полковники мустаъфии милитсия Шукрулло Азизуллоев аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳое мебошад, ки дар боло васфашон кардем. Ӯ умри пурбаракати худро сарфи хизмат ба халқу диёр карда, то ҳол ба ҷавонон дарси мардонагиву ҷасорат меомӯзонад.
Матонату ҷасорат, масъулиятшиносӣ, якрӯ будан, накӯкорӣ, азми қатъӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, одобу рафтори ҳамида, инсондӯстӣ ва билохира, оштинопазир будан бо ҳама гуна амалҳои бад аз хислатҳои хоси ӯ мебошанд.
Ӯ андешамандона ҳарф мезанад ва ҳар суханаш бори ҳазор маънӣ мекашад. Ба ҳар масъала хирадмандона бархӯрд мекунад. Дар ҳалли мушкилиҳои ҷамъият масъулият ҳис менамояд. Ҳамин гуна хислатҳояш боис шуданд, ки ҳамагон, намояндагони касбу кори гуногун барои маслиҳату машварат ба дидораш мешитобанд. Хулласи калом, қаҳрамони нигоштаҳои мо бо хислатҳои наҷибаш боварии халқро арзанда гардидаву ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда гардида…
Шукрулло Азизуллоев аз зумраи нахустин хатмкунандагони мактаби милитсияи шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ худ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаву аввалин донаҳои меҳрро маҳз дар оғӯши ҳамин хонадони обрӯманди диёр парвардааст.
Вақте соли 1968 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар гардид, тақдир ӯро ба қисмҳои десантии округҳои ҳарбии Назди Балтика ва Туркистон пайваст. Дарси мардонагиву ҷасоратро маҳз дар хизмати аскарӣ аз бар карда, соли 1970 - баъди адои хизмат ба мактаби миёнаи махсуси милитсияи шаҳри Душанбе дохил шуд. Пас аз хатми таҳсил кори амалиро дар Раёсати корҳои ислоҳӣ, ки он солҳо тобеи Вазорати корҳои дохилӣ буд, идома дод. Аммо фаъолияти хизматӣ дар чунин хадамоти масъули давлатӣ монеи илмомӯзии Шукрулло Азизуллоев намешуд. Ҳамин буд, ки ӯ дар баробари кори амалӣ, ҳамзамон ба таври ғоибона дар мактаби олии корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд таҳсил кард. Баъди хатми ин муассиса, қаҳрамони нигоштаҳои мо соли 1982 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ супурд ва ин таълимгоҳи бонуфузро низ муваффақона хатм намуд.
Дар умум, вай аз соли 1970 то соли 2013 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ - аз корманди самти оперативӣ то сардори ШВКД хизмати бенуқсон намуда, баъдан ба ҳайси сардори кафедраи такмили ихтисоси Академияи ВКД фаъолият кардааст. Баъди ба нафақа баромадан, роҳбарияти мақомот донишу таҷрибаи андӯхта, хусусан дар самти корҳои оперативии ӯро ба инобат гирифта, Шукрулло Азизуллоевро ба сифати муаллими ҳамкор дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба кори омӯзгорӣ ҷалб намуд. Ва ин пешаест, ки қаҳрамони матлаби моро мебояд тамоми он нозукиҳои кор дар ин мақомоти пурнуфузи давлатиро ба мутахассисони ҷавон, алалхусус ба он нафароне, ки акнун хизмат дар сафҳои мақомоти корҳои дохилиро азм мекунанд, биомӯзонад. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.
Полковники мустаъфии милитсия Шукрулло Азизуллоев, ки худ замоне аз аввалин хатмкунандагони мактаби милитсияи тоҷик маҳсуб меёфт, имрӯз ба насли ҷавони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол дарси маҳорату мардонагӣ ва масъулиятшиносӣ меомӯзонад. Ва бошад, ки дар ин ҷодаи мушкил, вале ҳамзамон пурмасъул муваффақият ёраш бошад!

252

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД полковники мустаъфии милитсия Шукрулло Азизуллоевро, ки 26-уми май ба синни мубораки 70 қадам мениҳад, аз самими дил табрику муборакбод гуфта ба ӯ тандурустиву хонаободӣ ва дар фаъолияти кориаш пешравиҳо таманно менамоянд.
У. Олим

ДАР АКС:
Нахустин хатмкунандагони мактаби миёнаи махсуси милитсияи шаҳри Душанбе, ки дар миёнашон Ш. Азизуллоев низ ҳаст.




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    03.08.2020 10:53
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва ....

    Рӯзи 1-уми августи соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    03.08.2020 10:51
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Зафаробод бо ариза марди 49-солаи сокини ....

    01.08.2020 10:36
  • Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва илмӣ дар шаҳри Кӯлоб

    Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ....

    30.07.2020 10:08
  • Боздошти ҷавони 24-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.07.2020 09:36
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    30.07.2020 09:35
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент

    Рӯзи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.07.2020 09:32
  • Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ бо истифода аз маводи мадҳушкунанда

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    29.07.2020 11:03
  • Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захмӣ намудани ноболиғи 17-сола

    Санаи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 11:20-дақиқа, ноболиғи 15-солаи ....

    29.07.2020 11:00
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    29.07.2020 10:58
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun2

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика