Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ободонию созандагӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар РВКД шаҳри Душанбе

Имрӯз (20.06.с.2017) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз корҳои таъмиру таҷдид ва ободонии ин ниҳод дидан намуд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар саҳни бинои раёсат бо роҳбарият ва ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуда, онҳоро бо фарорасии 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллат ба ҳисоб меравад, табрику таҳният намуд.

Зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ қайд гардид, ки мақомоти милитсия беш аз ҳарвақта дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷумҳурӣ бояд саҳмгузор бошанд. Кормандони милитсия барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар амал намуда, ҳамкориҳоро бо ҷомеа тақвият бахшанд.
Имрӯзҳо бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ шароити хизматбарӣ, вазъи иҷтимоӣ ва маишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, ҷавобан ба таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ равона созанд.

Дар идома, Вазири корҳои дохилӣ дар назди ҳайати шахсӣ дар самти ҷалби нерӯи ҷавонон дар таҳкими тинҷиву оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, ҷалби аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, баланд бардоштани нақши зан ва дигар масъалаҳои марбут вазифаҳои мушаххас гузошт.
Сипас, зимни сӯҳбати самимӣ бо Вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз шароиту имкониятҳо ва сатҳи хизматбарӣ ибрози назар намуданд. Ҳайати шахсӣ изҳор доштанд, ки ҳамеша омодаанд, баҳри пешрафту ободӣ, сулҳу амонии Ватани азизи худ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ содиқона хизмат намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷумла, муовини сардори Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсат подполковники милитсия Бибиноз Хушвахтова зимни суханронии хеш ба роҳбарияти Вазорат барои дастгириҳои ҳамаҷониба, фароҳам овардани шароитҳои хуби хизмат ва таваҷҷӯҳ нисбати корманд-занони мақомот изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар сафи мақомоти милитсия муддати муайян аст, ки хизмат менамояд ва бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ба ӯ муаяссар гардид, ки факултаи 1-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳайати роҳбарикунандаро бомуваффақият хатм намуда, имрӯз дар сафи мақомот бо сари баланд хизмати софдилонаашро идома диҳад.

Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои таъмиру таҷдид, ободонию созандагии бинои РВКД ва гирду атрофи он дидан намуда, ба сатҳу сифат ва натиҷаи корҳои баитмомрасонидашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати шаҳр, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳнату саҳмгузории ҳайати шахсӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои зарурии хизматбарӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳуҷраҳои кории кормандон, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳаммом, майдони сафороӣ, ҷойи фароғатӣ, таваққуфгоҳ ва дигар иншоотҳои он пурра азнавсозӣ гардида, симои навро касб намудаанд.
Р. Илёсов, Х. Солиҳов  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шавҳари хоҳар

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи ....

    11.11.2019 11:02
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ....

    11.11.2019 10:58
  • Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои кишвар

    Рӯзи 8-уми ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.11.2019 10:56
  • Таҷлили иди касбӣ дар ШВКД ноҳияи Варзоб

    Имрӯз дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи ....

    09.11.2019 15:58
  • Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи милитсия дар пойтахт

    Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ....

    09.11.2019 13:34
  • Милитсия муҳофизатгари халқ

    Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон дар давоми солҳои фаъолияти ....

    09.11.2019 11:10
  • Ҷашни ботантанаи «Рӯзи кормандони милитсия» дар вилояти Суғд

    10-уми ноябр ҳамчун санаи тақвимии таъсисёбии милитсияи тоҷик дар таърихи ....

    09.11.2019 09:44
  • Таҷлили Рӯзи милитсия дар вилояти Хатлон

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ....

    09.11.2019 09:40
  • Содиқ ба ҳама халқи Ватан кист? Милиса!

    Рӯзи 7-уми ноябри соли 2019 дар “Қасри Фарҳанг”-и ноҳияи Рашт ....

    09.11.2019 09:39
  • Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 49-солаи сокини ....

    09.11.2019 09:29
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • Эълон оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ

    Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули ....

    24.09.2019 14:19
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    28.08.2019 15:04
  • Муроҷиат ба шаҳрвандон дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    09.08.2019 11:14
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • Ҷаҳони имрӯз

    Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст. Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика