Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баргузории мизи мудаввар дар доираи ислоҳоти милитсия

261926514 237107768522660_2352004485766909913_n

Ҳафтаи сипаригардида мизи мудаввар дар доираи ислоҳоти милитсия ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон доир гардид.
Сухани ифтитоҳиро Шоҳназаров Лоҳутӣ - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон оғоз намуда, аз раванди кори Шӯрои ҷамъиятӣ ҳарф зад.
Мавсуф дар бораи ислоҳот дар самти милитсия ёдовар шуда, қайд дошт, ки лоиҳаи нав ба Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳии вилоят дастрас карда мешавад. Ҳамчунин, гуфт, ки ҳоло Шӯрои ҷамъиятӣ барои қабули аъзоён имконият дорад. Дар ин раванд раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД ноҳияҳои Қубодиён, Шарҳритус ва А.Ҷомӣ аз ташаббусу натиҷаҳои ба дастомада суханронӣ намуданд. Сафарбек Наҷмиддинов - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ баромад намуда, аз дастовардҳои бадастомада ёдовар гардид. Ӯ иброз дошт, ки бозии варзишӣ байни 120 нафар баргузор гардида, ҳар як даста аз 15 нафар иборат буд. Ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, С.Наҷмиддинов аз рафти баргузории бозиҳо ва супоридани туҳфаҳо, аксҳо ва ҷадвалҳои омоданамударо ба ҳозирин пешкаш кард. Мирзосафар Сабуров - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Қубодиён суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ноҳия 25 дастаи футбол ташкил намудем, ки байни ҳам мусобиқа доранд. Дар ин миён 375 ҷавонро ба бозиҳои варзишӣ сафарбар намудем, ки муддати 20 рӯз дастаҳои футбол байни ҳамдигар рақобат намуданд. Натиҷаи бозиро 19-уми сентябр ҷамъбаст намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Абдумумин Шоимов - раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус баромад карда, доир ба баргузории бозиҳои варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус ҳарф зад. Мавсуф зикр кард, ки мо дар байни мардум анкетаҳо ташкил намудем ва бо ин васила фаҳмидем, ки то ба кадом андоза мардум нозири минтақавии худро мешиносанд. Инчунин, аз ҳамкориҳои байни ҳамдигар бо Шӯроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав ёдовар гардид.261612344 617458419455657_1235637757314192530_n
Мақсад аз ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар вилояти Хатлон тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд байни сокинон бо милитсия мебошад. Дар ин миён ба раиси Шӯроҳои ҷамъиятӣ саволҳо ва пешниҳодҳо аз ҷониби ҳозирин дода шуд.
Дар хотима Баҳром Абдуллоев - намояндаи САҲА баромад намуда, доир ба нақшаҳои соли оянда маслиҳатҳои муфид дод.
Офоқ Қодириён




События

  • Ба ҳалокат расидани хурдсол дар пайи садамаи нақлиётӣ

    19-уми январи соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши ....

    20.01.2022 09:40
  • Содир шудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби шахси қаблан судшуда

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    20.01.2022 09:39
  • Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

    Аз тарафи ШВКД-1 дар шаҳри Исфара нисбати ноболиғи 16-солаи сокини ....

    20.01.2022 09:36
  • Ҳодисаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияи Ёвон

    18-уми январи соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    19.01.2022 10:04
  • Бо роҳи қаллобӣ расонидани зарар дар ҳаҷми махсусан калон

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи ....

    19.01.2022 10:03
  • Ба ҷинояткорӣ даст задани ашхоси қаблан судшуда

    Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    19.01.2022 10:01
  • Ҷамъбасти озмуни ватандӯстона ва қадрдонии ғолибони он

    Бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия ....

    18.01.2022 14:16
  • Ҳалокати пиёдагард бар асари садамаи нақлиётӣ

    17-уми январи соли 2022, тахминан соати 07:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    18.01.2022 09:31
  • Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи ....

    18.01.2022 09:30
  • Даст ба дуздӣ задани шахси пешсудшуда

    Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    18.01.2022 09:28
  • 

    Рубрика объявлений и конкурсов

  • Э ъ л о н!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....

    24.09.2021 17:41
  • Эълон!

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....

    11.09.2021 14:48
  • Таваҷҷӯҳ!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    01.09.2021 11:14
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

    qonu

    © 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика