Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳду талош ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда

216Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик андешаҳояшро доир ба хатари терроризму экстремизм баён намуда, таъкид карданд, ки «кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муқобили ин хатар муборизаи қотеъона ва беамон баранд, яъне вазифаҳои хизматии худро поквиҷдонона ва содиқона иҷро намоянд» ва «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад», «Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати баргардонидани шахсоне, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегиранд, бояд чораҷӯӣ карда шавад». 

Аз маълумотҳои мунтазам ба аҳли ҷомеа тариқи расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пешниҳодгардида дида мешавад, ки дар ҳақиқат дар ин самт корҳои муайяне иҷро шудааст. Яъне ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз рӯи гумроҳиву нодонӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту равияҳои ифротӣ пайвастаанд, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст, то ки чунин шаҳрвандон ба Ватан баргардонида шуда, онҳо бо тартиби муайяншуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд.
Пеш аз ҳама бо ин мақсад вохӯрӣ ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа мунтазам гузаронида шуда, фаҳмонида мешавад, ки имрӯз ҷаҳон дар вазъияти ниҳоят ноорому печида қарор дошта, терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам рӯз ба рӯз доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани хазорон нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани миллионҳо одамони бегуноҳ гардида истодааст. Тавзеҳ дода мешавад, ки вазъи мавҷуда бисёр ташвишовар буда, онҳое, ки ба чунин кирдорҳои нангин даст мезананд, номи неки миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми соҳибмаърифати Тоҷикистонро доғдор месозанд.
Зимни вохурӣ ва баромадҳо фаҳмонида мешавад, ки «бо дастрасии эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд».
Мафҳуми ин моддаҳои қонун на танҳо дар вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа, инчунин зимни вохуриву суҳбатҳо бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта возеҳу равшан фаҳмонида мешаванд.
Дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта танҳо бо кӯмак ва роҳнамоии милитсия аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе Раҳматов Раҳматулло Ҳасанович, Каримов Аҳлиддин Наҷмиддинович, Амирхудоев Одина Бодуршоевич, Сайбурҳон Шарипов, Ҷӯраев Далер Раҳматович, Ҷӯрабеков Маҳмаднаим Маҳмадраҳимович, истиқоматкунандаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ Саодатов Исматулло Қудратович, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳасанова Раъно Қаҳрамоновна ва даҳҳо нафари дигар бо изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсия ҳозир шуданд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва РВКД дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо ташкил намуда, бо аъзои оилаи нафароне, ки барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, пайвандони ашхоси дар хориҷа ба тадриси ғайрирасмии динӣ машғул буда ва волидайни шахсони дар кофтуков қарордошта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
Барои он, ки иштирокчиёни мулоқотҳо дар асл бубинанд, ки нафарони пушаймонгашта озод гаштаанд, дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод сокини ноҳияи Ашт, қаблан кофтуковшаванда Рафиз Обидҷонов, ки ихтиёран баргаштааст, иштирок намуда, озод гардидани хешро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба иштирокчиёни мулоқот нақл кард.
Дар вохӯриҳо раисони ҷамоатҳо, фаъолон, ходимони дин, шаҳрвандоне, ки фарзандонашон дар муҳорибаҳои ҷангии дигар давлатҳо иштирок доранд ё барои содир намудани ҷиноят дар кофтуков қарор доранд, иштирок менамоянд.
Дар чунин мулоқотҳо таъкид мегардад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз дараҷаи хавфнокии ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ сабукиҳо муқаррар кардааст, яъне дар сурати ихтиёран даст кашидан аз чунин фаъолияти ғайриқонунӣ шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Дар вохӯриҳо фаҳмонида мешавад, ки на ҳама шаҳрвандон аз мазмуни эзоҳи моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ доранд, бинобар ин баъзе нафарон аз таъсири овозаҳои беасос, тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидан солҳои тулонӣ ҳаёти худро дар мусофират гузаронида, дар баъзан мавридҳо мавқеи худро байни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ё террористони ашадӣ интихоб мекунанд.
Таъсиркунанда аст, вақте, ки нафарони ба Ватан баргашта миннатдории хешро аввалан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ин иқдоми пешгирифта, ки нафарони гумроҳзадаро ба Ватан бар гардонида истодаанд, изҳор медоранд.
Албатта корҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷаи хуб дода истодаанд. Зарур аст, ки корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода шаванд, зеро то ҳануз аз шаҳру ноҳияҳо нафароне, ки дар муҳорибаҳои ҷангии дигар давлатҳо иштирок доранд ё барои содир намудани ҷиноят дар кофтуков қарор доранд, ҳастанд.
Бинобар ин зимни чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз имтиёзҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашидаанд, васеъ истифода бурдан хело бомаврид ва натиҷаовар мебошад.
Ба он нигоҳ накарда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 163 нафар аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ДИИШ, равияи Салафия, гурӯҳи 24 ва ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки бо аъзоёни оила дар ҳудуди дигар давлатҳо қарор доштанд ва 68 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, баргардонида шудааст, аммо то ҳанӯз аз 715 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ҳанӯз 289 нафар дар хориҷи кишвар қарор доранд.
Зарур аст, ки ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии ба ном динӣ ғайриқонунӣ таҳсил намуда истодаанд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок карда истодаанд, чорабиниҳо давом дода шаванд.
Ба роҳ мондани корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ бо мардум, алалхусус, дар байни ҷавонон он вақт самара меорад, ки дар ин ҷода дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф, зиёиён, ходимони дин ва ҳар фарди солимфикри ҷомеа сафарбар карда шаванд, чунки дар гузаронидани ин корҳо онҳо ҳам масъуланд.
Дар бисёр мавридҳо чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, бо намояндагони шаҳру навоҳиҳо мулоқот карда мешавад. Дар мулоқот перомуни мавзӯъҳои пешгирии ҷиноятҳо, гаравидани наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ, баргардонидани ҷавонон аз таълимгоҳҳои ғайрирасмии хориҷи кишвар ибрози назар карда мешавад. Дар мулоқот кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, мудирону сармутахассисони бахш оид ба корҳои дини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ходимони дин ва падару модарони донишҷӯёни дар хориҷа таҳсилкунанда ва дигар шахсони масъул ширкат меварзанд.
Таъмин намудани риояи қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, назорати сифати таълиму тарбия ва пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.
Ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи наздик боз 2 кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба кишварамон баргардонида шуданд.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост, аммо чанде аз кӯдакони тоҷик аз сабаби кӯтоҳандешии волидон дар минтақаҳои ҷангзада қарор гирифтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани ин кӯдакони бегуноҳ ҳамаи тадбирҳоро андешида истодааст. Дар доираи салоҳиятҳои худ ҷиҳати мусоидат дар самти ба Ватан баргардонидани кӯдакон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар натиҷаи кӯтоҳандешӣ ва бемасъулиятии падару модаронашон дар кишварҳои ҷангзада ба қурбонии муноқишаҳои ҷангӣ табдил ёфтаанд, бо мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ташкил шудааст. Барои мисол, бо пайдо шудани наворҳо дар шабакаи телевизионии “Russia tuday” аз шаҳри Мосули Ироқ оид ба эҳтимолияти шаҳрванди Тоҷикистон будани кӯдаки тақрибан 8-сола бо номи Марям онҳо бо намояндаи шабакаи мазкур ва масъулини Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар тамос шуда, ҷиҳати дарёфти наздикони Марям бо комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамкорӣ карда шуд. Маълумоти бадастомада аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилӣ барои муайян намудани муътамадии онҳо равона карда шуд ва пас аз анҷом додани расмиёти зарурии байналмилалӣ Марям ва 3 нафар кӯдаки дигари тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд. Ба Ватан баргардонидани кӯдакон на танҳо аз давлатҳои ҷангзада, балки аз дигар давлатҳои хориҷӣ низ мунтазам амалӣ шуда истодааст. Соли гузашта дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои ИДМ 54 нафар ноболиғони беназоратмонда аз Россия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Ҷиҳати ҷойгир намудани кӯдакони қурбонии муноқишаҳои ҷангӣ ба оилаҳо ва ё муассисаҳои дахлдор, мутобиқшавӣ ва таълиму тарбияи минбаъдаи онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти зикргардида бобати дастрас намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти кӯдакон, ба таҳсил фаро гирифтан ва муайян намудани шароити зисти онҳо ва дигар масъалаҳо мусоидат карда шуд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти 4 нафар кӯдакони тоҷикеро, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ нигаҳдорӣ карда мешуданд, муайян карда, тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.
Пеш аз ҳама бо ҳамдастии Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Москва ва Иморот) ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом дода, дар натиҷа бо мусоидати ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ, 25 апрели соли 2018 чаҳор кӯдаки тоҷик - Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади сесола, ки фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе ҳастанд ва се сол пеш ҳамроҳ бо ҳамсараш аз Москва ба Ироқ рафта будаанд, аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан бозгардонида шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро барои иҷрои дастури дахлдори Пешвои миллат идома дода истодааст.
Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика