Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишҳои замонавӣ барои беҳтар намудани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа

688

Бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯзҳои 26-28-уми октябр бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар шаҳри Душанбе ва рӯзҳои 29-31-уми октябри соли 2018 бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон ва ёварони сардорони ин раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд. 

Дар рафти машғулиятҳо мавзӯъҳои рӯзмара оид ба рафти амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва уҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, Кодекси рафтори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, фалсафаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», усулҳои муайян намудани мушкилотҳои афзалиятнок дар ҳамкорӣ бо ҷомеа омӯзонида шуданд.
Машғулиятҳо дар истироҳатгоҳи «Явроз», ки дар дараи зебои Ромит дар ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст ва истироҳатгоҳи «Пули сангин»-и шаҳри Норак, ки дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир мебошад, гузаронида шуданд, ки ба иштирокчиён машғулиятҳо ва тамошои манзараҳои ин истироҳатгоҳҳо, ки ҳамчун ҷойҳои зебоманзараи диёрамон ба шумор мераванд, ба онҳо таассуроти фаромӯшнашуданӣ гузоштааст.
Баргузории чунин машғулиятҳо, ки дар онҳо наздики 50 нафар ҷалб гардида буданд, барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ, кормандони милитсия ва таблиғи ҳамкории мутақобилаи ҷомеа ва мақомоти корҳои дохилӣ равона шудааст.
Бояд махсус қайд карда шавад, ки бо мақсади мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, Қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Ин шӯроҳо мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, дар асоси низомномаи худ фаъолият доранд.
Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла созмонҳои ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқ, илмӣ, эҷодӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. Он ҳамкории ҷомеа ва милитсияро дар коркарди самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва масъалаҳое, ки ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа, дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи дастрасӣ ва ошкорбаёнии фаъолияти милитсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон вобастагӣ доранд, таъмин менамояд.

690

Шӯрои мазкур вазъи криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ ва усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, ҷиҳати мукаммалсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти он таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд ва ҳамчун мақомоти ҷамъиятӣ фаъолияти худро дар асоси ташаббуси ҷомеа пеш мебарад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти худро дар доираи талаботи «Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ» ба роҳ монда, дар рӯҳияи эҳтиром, боварӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ амал мекунад.
Зиёд кардани эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, наздик намудани фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тақвият додани мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, расондани ёрии машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаҳои муҳимтарини шӯроҳои ҷамъиятист. Ин ниҳод метавонад намояндагони васоити ахбори оммаро бо мақсади холисона ва ҳамаҷониба пешкаш намудани ахбор ба аҳолӣ ҷалб намояд.
Тавассути роҳбарии Шӯроҳои ҷамъиятӣ сокинони ин ё он маҳал якҷо бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон фаъолият намуда, аз хатару таҳдидҳои мавҷуда ҳамдигарро хабардор намуда истодаанд.

689

Ҳадафи асосии ислоҳоти милитсия ин аст, ки аҳолӣ бевосита дар раванди демократисозии ҷомеа, ислоҳоти милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқӣ иштирок намуда, дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, корхона, муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, саҳми худро гузоранд. Инчунин, вобаста ба масъалаи ҷорӣ намудани шаклҳо ва усулҳои самарабахши фаъолияти якҷояи ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ тавсия, хулоса ва таклифу пешниҳодҳо омода намуда, дар амалисозии онҳо ширкат намоянд. Дар ин самтҳо мунтазам корҳои муайяне иҷро мешаванд, лекин ҳануз камбудиву норасоиҳо зиёд ҳастанд, ки роҳҳои бартараф намудани онҳо дар чунин машғулиятҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва кормандони масъули милитсия зина ба зина омӯзонида мешаванд.
Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика