Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ: Ташаккули афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба раванди ислоҳоти милитсия

347

Аз 9-ум то 11-уми августи соли равон дар осоишгоҳи «Явроз»-и дараи Ромит семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Ташаккули афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Васоити ахбори омма" баргузор гардид. 

Семинари омӯзишӣ бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)дар Душанбе Д. Капортсев, мутахассисони соҳаи Васоити ахбори омма Шаҳло Акобирова ва Александр Шиханов, муовинони сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оиди кор бо ҳайати шахсӣ аз ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма гузаронида шуд.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш мусоидат намудан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия, қавӣ гардонидани ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти милитсия тавассути Васоити ахбори омма ба шумор меравад. «Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри вусъати тоза бахшидан ба раванди амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия ва ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт корҳои зиёде роҳандозӣ гардидааст гуфт ӯ.

348

Мавсуф дар идома, ҳамчунин аз иҷроиши бандҳои Барномаи ислоҳоти милитсия, чорабиниҳои баргузоргардида вобаста ба самти мазкур ва он нақша - чорабиниҳое, ки амалӣ гардида истодаанд, ёдовар шуда, зикр кард, ки таъсиси телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва телефони "Мадад", Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин таъсиси бахшҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар назди ҷузъу томҳои ВКД, ки аз рӯзи ба фаъолият оғоз намудан то ба имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд, яке аз бандҳои Барномаи ислоҳоти милитсия ба шумор мераванд.
Дар идомаи семинар, мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратии САҲА Д.Капортсев қайд намуд, ки роҳбарият ва масъулини ташкилоти онҳо дар Душанбе дар доираи санадҳои баимзорасида бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкории қавиро ба роҳ монда, барои амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Мо саъй менамоем, ки раванди амалисозии Барномаи мазкур ва иҷроиши ҳар як банди он дар сатҳи зарурӣ амалӣ шаванд, - илова намуд ӯ.
Семинари омӯзишӣ се рӯз идома ёфта, дар кори он мутахассисони соҳаи Васоити ахбори омма Шаҳло Акобирова ва Александр Шиханов оид ба нақш ва мавқеи рӯзноманигорону намояндагони Васоити ахбори омма дар мусоидат ба раванди ислоҳоти милитсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамкории зич бо мақомоти корҳои дохилӣ маърӯзаҳо намуданд.
Аз ҷумла зимни баромади худ Шаҳло Акобирова қайд кард, ки «Милитсия - ин халқ ва халқ - ин милитсия» мебошад. Васоити ахбори омма пул ва ё воситае мебошад, ки аҳолиро бо мақомоти милитсия мепайвандад, ҳамкории онҳоро ба ҳамдигар густурда мегардонад». Мавсуф дар идома оид ба қонуну қарорҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба самти барномаи мазкур алоқамандӣ доранд, оид ба фаъолият ва ҳамкории Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳҳои матбуотии зерсохторҳои он бо ВАО, мақом ва мавқеи Васоити ахбори омма дар густариши ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, инъикоси фаъолияти кормандони милитсия дар робита бо аҳолӣ, мусоидат ва таъсиррасонии намояндагони ВАО дар раванди ислоҳоти милитсия маърӯза намуда, зикр кард, ки имрӯз роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони Васоити ахбори омма дар ҳамкории ниҳоят хуб қарор дошта, рӯзноманигорон ба дархостҳои худ аз Маркази матбуоти ин сохтори қудратӣ ҷавобҳои саривақтиро дастрас менамоянд, ки ин шаҳодати ҳамкориҳои мутақобила мебошад.

349

Мутахассиси соҳаи Васоити ахбори омма Александ Шиханов оид ба тарз ва баргузор намудани нишасти матбуотӣ, омода намудани варақаҳои иттилоотӣ барои намояндагони ВАО аз ҷониби кормандони Марказу гурӯҳҳои матбуотии мақомоти корҳои дохилӣ, таъсис ва интихоби раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ, нозукиҳои интихоби мавзӯъ, вақт, макони баргузории вохӯриву чорабиниҳои Шӯроҳои ҷамъиятӣ, иштирок ва таъсиррасонии аъзои шӯроҳо дар вохӯриву чорабиниҳо ва санҷишҳои мегузаронидаи мақомоти корҳои дохилӣ аз диди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазифаҳои назди онҳо гузошташуда маърӯза намуд.
Мавсуф зикр кард, ки нақши кормандони Маркази матбуоти мақомоти корҳои дохилӣ дар инъикоси фаъолияти шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва наздик сохтани аҳолӣ, эътимоду боварии мардум нисбати корманди милитсия дар баробари дигар бахшҳои пешбарандаи самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ муҳим мебошад.
Дар ҷараёни семинари серӯза миёни иштирокдорон ва мутахассисони соҳа оид ба мавзӯъҳои баррасигардида андешарониҳо сурат гирифта, барои хубтару беҳтар гардидани ҳамкории намояндагони ВАО бо мақомоти корҳои дохилӣ ва масъалаи таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳоти милитсия таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика