Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Профилактикаи оташнишонӣ дар бозору хобгоҳҳои пойтах

134

 

Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади сари вақт пешгирии ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои ноҳуши сӯхтор дар тамоми иншооти стратегию ҳаётан муҳим, муассисаву корхона, бозору марказҳои савдо, хобгоҳҳову маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои оммавӣ ба корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида, ба роҳбарону масъулони онҳо дар ошкор ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор ёрии амалӣ расонида истодаанд.

Дар доираи амалисозии чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва воҳидҳои зерсохтори он, ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори Маркази савдои «Мадад», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар он асосан қисмҳои эҳтиётии нақлиёт фурӯхта мешаванд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳангоми санҷиши муштарак мутахассисони ХДО ВКД муайян намуданд, ки новобаста ба чанде пеш ҷаримабандӣ карда шудани роҳбарияту масъулони он, ҳамчунин бо амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор маҷмӯи чорабиниҳои зиддисӯхтории ба онҳо пешниҳод карда шуда, ҳанӯз ҳам ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори ин ҷо ташвишовар боқӣ мемонад. 

 

135

Аз он ҷумла, ҷойгиршавӣ ва тарзи истифодабарии сипарҳои барқӣ ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, танзими кабелу ноқилҳои интиқоли нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо бархилофи қоидаҳои истифодабарии барқ анҷом дода шудааст. Қисми зиёди мағозаву дуконҳои савдо бо масолеҳи сохтмонии зуддаргирандаи пластикӣ ороиш дода шуда, ҳамчунин барои ҳимояи молу ашёҳо ва дуконҳои савдо аз боришот ва нури офтоб аз матоъҳову селофанҳои гуногун истифода бурда мешавад. Инчунин фосилаи байни мағозаву дуконҳои савдо ва роҳравҳои байни онҳо ба талаботи меъёрҳои муқаррар кардашуда ҷавобгӯ набуда, сипари оташнишонӣ бо воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ пурра таъмин карда нашудааст. Илова бар ин, бо сабабҳои номусоидии роҳравҳои маркази савдои мазкур ва монеаҳои зиёди дар онҳо мавҷуд буда, дар мавридҳои зарурӣ нақлиётҳои оташнишонӣ ба зудӣ ба ҳудуди маркази савдо ворид шуда наметавонанд, ки чунин ҳолат метавонад боиси паҳншавии бошиддати алангаи оташ гардида, дар кӯтоҳтарин фурсат тамоми мағозаву дуконҳои савдои соҳибкорону савдогаронро ба осони фаро гирифта, онҳоро ба нестӣ барад.

Ҳамингуна ҳолати ба таври зарурӣ риоя нашудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар бозорчаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Дӯстӣ-2000» низ, аз тарафи мутахассисони ХДО ВКД ошкор карда шуд, ки ин ҷо низ дар баробари дигар қоидавайронкуниҳои зиддисӯхторӣ дар истифодабарии қувваи барқ ба камбудиҳои зиёд роҳ дода мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки дар баробари баргузории профилактикаи оташнишонӣ дар ҷойҳои оммавӣ, ҳамчунин дар хобгоҳҳои муассисаҳои таълимии олӣ низ, аз тарафи мутахассисони соҳа, чорабиниҳои муҳими пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Аз он ҷумла, чунин чорабиниҳо дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи А.Навоӣ 5/7-и ноҳияи Сино, ки барои 400 нафар донишҷӯён пешбинӣ шудааст ва дар хобгоҳҳои донишҷӯёну оилаҳои омӯзгорони №№ 1, 2 ва 3-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбад 48/11-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, доир карда шуданд.

136

Кормандони ХДО ВКД дар рафти доир намудани чорабинҳои зиддисӯхторӣ ба масъулин ва донишҷӯён оид ба сабабу омилҳои ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор дар хобгоҳо, роҳҳои пешгирӣ ва бехавф хомӯш намудани он, даъвати ХДО дар мавридҳои зарурӣ ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба мавзуъ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурҳои лозимӣ дода, ба онҳо тартиби самаранок истифода намудани оташхомӯшкунакҳо ва дигар воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишониро дар амал омӯзониданд.

Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳри ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика