Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили илму дониш - воситаи асосии сарфарозӣ дар кору фаъолият

496

Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъалаи фароҳам овардани шароитҳои хуби корию маишӣ барои кормандон ва дар сатҳи баланди омадабошии доимӣ қарор доштани ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ диққати махсус зоҳир менамоянд.
Дар ин раванд, мутобиқи нақшаи тасдиқкардаи сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, аз тарафи муовини сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Хурсандқул Катиков ва муҳандиси калони шуъбаи мазкур майори хизмати дохилӣ Носирхуҷа Раҳимзода, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати донишу малакаи кормандони тахассуси хизматии Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва масъулини Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, дар толори маҷлисгоҳи раёсати номбурда, семинар -машварат ташкил ва баргузор карда шуд.

497

Аз тарафи мутахассисони Сарраёсат, дар рафти семинар-машварат, бо кормандони тахассуси хизматии Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Бохтар давоми ду рӯз дар мавзӯъҳои: «Омӯзишу таҳлили амалиётҳои хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтори калон ва махсусан калон», «Ташкил ва гузаронидани машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар муассисаву иншооти гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишин» ва дигар мавзӯҳои муҳими самти хизмат дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари баргузории машғулиятҳои назариявӣ, машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ низ яке аз роҳҳои асосии шакли олии тайёрии тактикии ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунандаи ХДО ва воситаи муҳимтарини ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мувофиқи нақшаи семинар-машварат пас аз анҷоми машғулиятҳои назариявӣ, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, ки дар он 840 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо иштирокчиёни семинар-машварат ва ҷалби Хадамоти навбатдори оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, бастҳои навбатдори ХДО шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш, инчунин дастаҳои идоравии оташнишонию дружинаҳои оташнишони ҷавони литсей, кормандони милитсия ва дигар хадамотҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Аз рӯи сенарияи машқи тактикӣ-оташнишонӣ гӯё дар яке аз синфхонаҳои ошёнаи 2-юми бинои таълимии литсей дар масоҳати 120 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бо шиддат паҳншавии дуди ғализ ва алангаи оташ, хонандагону омӯзгоронро ба таҳлуқа авардааст.
Тибқи нақша, роҳбарии амалиёти хомӯш намудани сӯхтори шартиро муовини сардори РХДО вилояти Хатлон полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов ба ӯҳда гирифта, бо дуруст сафарбар намудани қувваву воситаҳои асосӣ ва махсуси ХДО ва дигар хадамотҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ дар як вақт таҳлияи муташакилонаи хонандагону омӯзгоронро аз бинои оташгирифта ба ҷойҳои бехаф ва ҳамзамон расонидани ёрии аввалини тиббиро ба ҷораҳатбардоштагон ба роҳ монда, инчунин роҳҳои паҳншавии алангаи оташу дуди ғализро дар ҳама самтҳо пешгирию маҳдуд сохта, дар як муддати кӯтоҳ сӯхтори шартиро ба пуррагӣ хомӯш намуданд.

498

Дар ҷамъбасти машқи тактикӣ-оташнишонӣ аз тарафи муовини сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Хурсандқул Катиков ва директори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Баҳригул Қосимзода ба амалиёти гузаронида шуда, баҳои баланд дода шуд. Ҳамчунин Баҳригул Қосимзода аз ҷумла иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштараки мақсадноки зиддисӯхторӣ дар тамоми муассисаву иншоот басо заруру ҳаётан муҳим мебошад. Зеро, донистан ва риоя кардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор барои ҳар як фард ҳам дар ҷойи корӣ ва ҳам дар маҳалли зисташон шарти асосӣ буда, ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва молу мулки давлативу хусусӣ аз сӯхтор, аз дониши баланди ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад.
Дар охир мавсуф ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва РХДО вилояти Хатлон барои дар чунин сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор изҳори сипоси самимӣ намуда, ҳамчунин хохиш кард, ки чунин чорабиниҳои муҳимӣ зиддисӯхторӣ боз ҳам бештар ба нақша гирифта шаванд.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика