Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҶДММ «Бозори Корвон»

175

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба вазъи таъмин ва риояи меъёру талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооти стратегию ҳаётан муҳим, муассисаву корхонаҳои мансубият ва шакли моликияташон гуногун, бозорҳо, марказҳои савдову дилхушӣ, хобгоҳҳо, биноҳои истиқоматии баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар ҷойҳои оммавӣ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми кормандони мақомоти корҳои доҳилӣ ба таъмини тартиботи ҷамъятӣ, инчунин пешгирӣ намудани сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқуллодаю техногенӣ тақвият бахшида, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

176

Дар ин замина аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД нақшаи чорабинии махсуси иловагӣ тартиб дода шудааст, ки тибқи он аз ҷониби роҳбарият ва сардорони шуъбаҳои мухталифи Сарраёсат дар якҷоягӣ бо сардорон ва мутахассисон Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар тамоми вазорату кумитаҳо, муассисаву корхона ва иншооти шакли моликияташон гуногун, бозорҳо, марказҳои савдову дилхушӣ, хобгоҳҳо, биноҳои истиқоматии баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар ҷойҳои оммавӣ ба таври иловагӣ маҷмӯи тадбирҳои бехатарӣ, ки барои истиснои имконияти сар задани сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он ва дигар ҳодисаҳои фавқуллодаю техногенӣ равона шудаанд, инчунин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарону масъулини муассисаву иншоот ва бо дарки масъулияту ифтихори ватандорӣ иштироки фаъолона намудани коргарону хизматчиён, соҳибмулкону соҳибкорон, савдогарон ва шаҳрвандони синну соли гуногун дар таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии одамон, молу мулки онҳо, моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯхтор тарҳрезию дар амал татбиқ карда шуда истодаанд.
Тибқи нақшаи номбурда, аз тарафи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар мағозаву дӯконҳои савдо ва нуқтаҳои хӯроки умумии ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе, бо ҳамроҳии сардорони шуъбаҳои мухталифи Сарраёсат, роҳбарияту масъулини бозор ва дигар мутасаддиён, санҷишӣ фаврӣ гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки новобаста ба тадбиру чораҳои аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва маъмурияти бозор андешида шуда, ҳамоно баъзе аз соҳибкорону савдогарони алоҳида ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор диққати ҷиддӣ зоҳир накарда, аз худ саҳлангорию бемасъулиятӣ нишон медиҳанд. Ҳамчунин мувофиқи нақшаи номбурда, вохӯрии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бо муассису роҳбарият, масъулин ва соҳибкорону савдогарони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Корвон» доир карда шуд.
Нозимҷон Иброҳимзода дар суханронии худ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибкорону савдогарон ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бо мақсади тараққӣ додани рушди сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ум дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018-ум эълон намуданд, ки фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шаванд. Чунин иқдоми нек имкон медиҳад, ки ҳунармандон бо маҳсули дастони пур аз эҷоди худ ва соҳибкорону савдогарон ба воситаи ба фурӯш баровардани онҳо диққати меҳмонону сайёҳонро ба сӯи худ ҷалб сохта, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон мусоидат намоянд.
Аз ин лиҳоз маъмурияти бозор ва соҳибкорону савдогарони муҳтарами моро зарур аст, ки иҷрои амрномаву дастурҳои мақомоти назорати давлатии бехатарии сӯхторро пурра ва сари вақт таъмин намуда, ба рух додани ҳодисаву воқеаҳои нохуш, ки метавонанд боиси хисороти калони моливу ҷонӣ гардад, роҳ надиҳанд. Ҳусусанд дар мавриди банақшагирии мағозаву дӯконҳои савдо ва нуктаҳои хӯроки умумӣ роҳҳои бехавфу хатари аз онҳо баровардани одамон ва ҳаракати озодонаи нақлиётҳои оташнишонӣ ҳатман мутобиқи меъёрҳо пешбинӣ ва иҷро карда шаванд.

177

Ҳамчунин ба ҳозирин сабабу омилҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар бозору марказҳои савдо ва роҳҳои пешгирии он бо овардани мисолҳо аз ҳодисаҳои воқеӣ ба таври муфассал фаҳмонида шуда, ба саволҳои онҳо посухҳои дақиқ дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон» Ҳалима Мавлонова ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор изҳори сипос карда шуд.
Кор дар ин самт аз тарафи СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика