Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар шаҳри Хуҷанд

206

Ташкилу гузаронидани сӯҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои мақсаднок бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ робитаву ҳамкории мақомоти милитсияро бо насли наврас бештар намуда, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин даргоҳи илму дониш вохӯрии судманд доир намуданд.

207

Фозилзода Мухтор Муродалӣ ректори донишкадаи мазкур ҳозиринро хушомадед намуда, бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.
Намояндагони гурӯҳи «Авангард» суханронӣ намуда, бо ҳамсолони хеш сӯҳбати озоду самимӣ доир намуданд. Зикр гардид, ки мо ҷавононро зарур аст, ҷавобан ба чунин ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, баъди хатми муассисаи олӣ ба давлату миллат хизмат намоем.
Муовини сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Мирзозода Абдуқодир Довуд ва нозири шуъбаи ҷавонони ХПҲНҶ ВКД капитани милитсия Каримов Меҳрубон суханронӣ намуда, сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон бахусус донишҷӯёнро шарҳ доданд. Иброз гардид, ки хеле тассуфовар аст, вақте ки донишҷӯй намояндаи илму ирфон, ҷӯяндаи дониш ба ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ даст занад. Зеро давлату миллат ба ҷавонон ба ин нерӯи созанда ва ояндаи давлату миллат боварии комил доранд.

208

Чунин сӯҳбату вохӯрии судманд дар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд низ доир гардид. Роҳбарияти коллеҷи мазкур чунин иқдоми ВКД-ро фоли нек ва ташаббуси пешгирикунанда ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён унвон намуданд. Ҳамчунин ба кормандони ВКД изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Абдулло Шоҳиён
ш. Хуҷанд

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика