Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Афкори илмӣ оид ба табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятии экстремизм

Бинобар сабаби он, ки экстремизм падидаи пурпечутоб ва мураккаби иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ мебошад ва ҳангоми бандубаст намудани кирдорҳои ҷиноятии дорои хусусияти экстремистӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилӣ мекашанд, дар доираи мақолаи мазкур баррасӣ намудани ҷанбаҳои илмии масъалаи матраҳшуда аз аҳамият холӣ нест. 

Дар илмҳои сиёсӣ мафҳуми «экстремизм» таърихи куҳанро доро намебошад, новобаста ба он, ки решаҳои экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба қарни таърихи инсоният рафта мерасанд. Дар замони муосир бошад, падидаи мазкур ҳамчун мафҳум зуҳуроти ҷамъиятии мураккаб ва бисёрҷабҳаро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ дарбар мегирад. Баъзе аз шаклҳои он (сиёсӣ, миллатгароӣ, маҳалчигӣ, динӣ ва ғайра) чун зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар интиҳои асри гузашта ва ибтидои асри нав аз мавҷудияти худ ҳар замон дарак медоданд. Чунин вазъият зарурати муайян намудани аломатҳои таркиби ин кирдори даҳшатангези иҷтимоиро пеш мегузорад.
Экстремизм аз калимаи лотинии«еxtremus» маншаъ гирифта, мазмуни қатъан, ҳадди охирин, тарафдори тадбиру чораҳо ва ақидаҳои қатъӣ (бештар дар сиёсат)-ро дорад .
Ҳамин гуна фаҳмиши ибораи экстремизмро дигар муаллифон низ иброз медоранд . Аммо сиёсат – соҳаи ягонаи зуҳурёбии экстремизм ба ҳисоб намеравад.
Оид ба проблемаи мазкур профессор В.В. Лунеев қайд менамояд, ки «экстремизм ҳамчун ин ва ё он зиёдаравӣ дар ҳама гуна соҳаҳои фаъолият мушоҳида карда мешавад ва вобаста аз вазъияти дар ҷомеа ба амаломада метавонад баҳои мусбӣ ё манфиро соҳиб шавад. Экстремизм дар илм, адабиёт, варзиш, дар муд, ҳайкалтарошӣ, дигар намудҳои санъат метавонад ба дигаргуниҳо, навигариҳо, ҷараёнҳои нав, мактабҳои нав оварда расонад. Аз ин рӯ, ба экстремизм танҳо баҳои манфӣ ва махсусан хислати сиёсӣ-ҷиноятӣ додан қарори амиқи яктарафа, хато ё дар ниҳояти кор қарори шубҳаноки ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологӣ мебошад” .

Муҳаққиқони замони шуравӣ И.И.Бражниква, Э.Г.Филимонов оид ба проблемаи мазкур қайд намуданд, ки «пайравӣ ба ин ақоид ва амалҳои зиёдаравӣ дар ҳама гуна соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҷой доранд ва дар асоси назарҳои тундрави гуногун мехоҳанд ин ва ё он проблемаро ҳал намояд» , вале на ҳамеша ақидаи «зиёдаравӣ, тундравӣ»-ро ба ҳайси экстремизм мебояд мансуб донист. Онҳо мумкин аст боиси содиршавии ҳаракати мушаххаси зӯроварӣ ва дигар ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ нагардидаанд, инчунин дидаю дониста қувваи маҷбуркуниро нисбати шахсони ба андешаи онҳо норозӣ раво набинанд .

Ба фикри олим О.И.Аршба баъзе аз ташкилоти экстремистӣ аз истифодаи зӯрӣ чун воситаи ноил шудан ба мақсадҳои сиёсии худ, аввалан бо сабаби тарс дар пеши чораҳои вокуниши ҳокимият, сонияан бо назардошти оне, ки онҳо тавассути рафтори бошууронаи худ ва ташвиқоти босуботи мафкуравӣ, метавонанд таваҷҷӯҳи умум ва доираи ҳаммаслакони худро васеъ гардонанд, даст мекашанд .
Ба андешаи мо, агар муҳтавои «андешаҳои ниҳоӣ» асоси ғоявии истифодаи зӯровариро нисбати мухолифин ва дигар шахсони норозӣ ташкил надиҳад, пас дар гумон аст, ки сухан оид ба экстремизм ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ равад.

Ҳамзамон дар адабиёти ҳуқуқӣ ақида дар хусуси истифодаи зӯрӣ, чӣ ҷисмонӣ ва чӣ руҳӣ (таҳдиди истифодаи зӯрӣ) яке аз нишонаҳои асосии экстремизм маҳсуб меёбад .

Ҳамин тариқ мусаллам аст, ки мазмуни «ақидаи тундгароӣ, зиёдаравӣ»-ро асоси назариявии истифодаи зӯрии «ҷисмонӣ ё руҳӣ» аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ, ғоявӣ, миллатгароӣ, динӣ ва маҳалгароӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти гурӯҳ, ташкилот ва иттиҳодияҳои экстремистӣ бевосита ба нашр, нусха бардоштан ё паҳн намудани адабиёт, маводи интишорӣ, кино ё сабти видео ва ғайра миёни гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ бо мақсади ташвиқоти минбаъдаи «андешаҳои ниҳоии тундгароӣ» ё даъвати бевосита баҳри истифодаи зӯрӣ нисбат ба мухолифон ё дигар шахсони аз рӯи ангезаҳои нишондодашуда равона карда шудааст, ки моҳияти «чораи ниҳоии тундгароиро» дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, экстремизм метавонад на танҳо дар сиёсат инчунин дар ҳама гуна соҳаи ҳаёти ҷомеа (фарҳанг, варзиш, иқтисодиёт, экология ва ғайра), дар ҷое, ки манфиатҳо ва нуқтаи назарҳои гуногун бо ҳам бар мехӯранд, зоҳир ёбад. «Ақоиди ниҳоӣ, охирин» ва чораҳо (вобаста ба субъектони амалисозандаи фаъолияти экстеремистӣ) метавонанд бо воситаи асоснок намудани истифодаи зӯровариро дар асоси ақоиди таҳрифшуда, нисбат ба мухолифон ё бе истифодаи зӯрӣ нисбати онҳо талқин карда шаванд. Хулосаи мазкур имконият медиҳад, ки шартан ду шакли экстремизмро аз як дигар ҷудо намоем: «экстремизм бо истифодаи зӯроварӣ» ва «экстремизм бе истифодаи зӯроварӣ».

Ҳамин тариқ ба ҳайси асоси ба шаклҳо ҷудо намудани фаъолияти экстремистӣ ба назар гирифтани ҳаракати субъектони мушаххас бо ба ҳисоб гирифтани ду ҷабҳаи муҳим: якум, хусусияти истифодаи зӯровариро доро набудани амали содиршуда, дуюм, хусусияти истифодаи зӯровариро доро будани чунин амал, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Яке аз намудҳои зоҳирёбии экстремизм бе аломатҳои зӯроварӣ ин «сепаратизм» шуда метавонад, ки на ҳамеша аломатҳои зӯровариро дар худ дорад. Маҷрои сиёсӣ, ки мақсади он берун баромадан аз ҳайати давлати бисёрмиллат ва созмон додани давлати миллӣ мебошад дар асоси ғояҳо (принсипҳо) ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳолатҳои бо роҳи ташвиқот ва даъвати оммавӣ бе истифодаи зӯроварӣ (ҳоло он ки маъмулан мухолифати рақибонро интизор шудан мумкин аст) имконияти амалӣ шудан дорад. Вақте, ки ҷудоихоҳон барои ноил шудан ба мақсади нишондодашуда дар қисмати барномаи ғоявии худ даъват ба зӯровариро бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои ҷудоихоҳии худ асоснок менамоянд, кирдори онҳо табиати экстремизмро дар асоси ангезаҳои ҷудохоҳӣ касб менамоянд.
Дар баъзе сарчашмаҳои илмӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ "экстремизм" ва "сепаратизм"-ро вобаста аз ангезаи содиршавии онҳо тафовут менамоянд. Яъне, агар сепаратистҳо андеша ва ғояи миллӣ-озодихоҳиро ҷонибдорӣ намоянд пас экстремистҳо асосан мақсади сиёсиро (мубориза барои ҳокимият) пайгирӣ менамоянд.
Экстремизмро аз радикализм низ фарқ бояд кард. Мафҳумҳои "радикализм" ва "экстремизм" дар бештар ҳолатхо ҳамчун синоним истифода бурда мешаванд, мутаассифона дар ин ҷо меъёри аниқе, ки ин ду мафҳумро аз як дигар ҷудо намояд, вуҷуд надорад. Новобаста аз шумораи зиёди корҳои илмӣ дар ҷодаи дарёфти мафҳуми радикализм , то кунун дар адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ таърифи умумиэътирофшудаи он мавҷуд нест .

Аз ибтидо истилоҳи "радикализм" (аз калимаи лотинии «radix» – решагӣ) маънои ҷараёни амалисозандаи ислоҳоти қатъиро дорад. Минбаъд фаҳмиши радикализм ғоявикунонида шуда ба қувваҳои сиёсии чап мансуб дониста мешуд, ки аз ҳаракатҳои тарафдорони дигаргуниҳои буржуазӣ-демократӣ (либерализатсияи парлумони Англия дар асри XVIII, ворид намудани ҳуқуқи сартосарии интихоботӣ дар Фаронса соли 1948) нисбат ба марксистон ва дигар ташкилотҳои чап (асри XIX-XX) шаҳодат медод.

Баъдан дар баробари мустаҳкам шудани низомҳои либериалӣ дар Ғарби муосир, ибораи "радикализм" ба маънои манфӣ, ба сифати синоними "экстремизм" нисбат ба ҳама гуна қувваҳои сиёсӣ, ки системаи мазкурро (марксистҳо, ростгароён, миллатгароён, бунёдгароёни диннӣ ва ғ.) зери танқиди шадид қарор медоданд, истифода мегардад.
Дар нашрияҳои даврони шӯравӣ радикализми сиёсиро ҳамчун ғоя эътироф намуда ба тарафдорони он мисли касоне, ки сохти сарватмандиро зери танқид қарор дода, ислоҳоти радикалиро дар барои низоми сиёсии ҷомеа зарур медонистанд, муносибат менамоянд .
Ҷараёнҳои сиёсие, ки дар ИҶШС (СССР) нимаи дуюми солҳои 80 ва ислоҳоти "радикалии ибтидои солҳои 20 асри XX ба вуқӯъ омада сиёсатшиносони ватаниро водор намуд, ки радикализмро ҳамчун категорияи басо мурракаб баррасӣ намоянд. Дар луғати сиёсӣ нишон дода мешуд, ин набояд радикализмро ҳамчун ҷараёни ифротӣ дар сиёсат донист" зеро он бо худ "ислоҳоти қатъии ҷараёни созандаро" низ дар бар дорад , ки дар асоси онҳо радикалони муътадил кӯшиш менамоянд тавассути истифодаи каме зӯрӣ ҷомеаро ислоҳ намоянд, ба монанди либералҳо ва сотсиал-демократҳо.
Чи хеле, ки дар боло зикр карда шуд бештари муаллифони ватанию хориҷӣ "экстремизм"-ро ҳамчун синоними радикализм ё шакли ифротии он медонанд. Дар аксарияти луғатҳо ва маълумотномаҳое, ки то охирҳои солҳои 90 асри XX нашр гардидаанд, мафҳуми "экстремизм" маъмул набуда, балки ҳамчун қисми таркибии "радикализм" арзёбӣ мегардид . 

Ба андешаи мо дар бораи экстремизм ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ вакте сухан рондан мумкин аст, ки ғояи экстремизм дар заминаи тоқатнопазирӣ, душманӣ ва бадбинӣ бо мақсади истифодаи зӯроварӣ ба миён ояд.

Боназардошти гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки "радикализм" даставвал ҳамчун шакли ғайризӯроваронаи экстремизм эътироф шуда, маъмулан дар асоси ангезаҳои сиёсӣ рушд менамояд, танҳо вақте он шакли истифодаи зӯроварӣ ва ё даъвати оммавии истифодаи зӯровариро барои ноил шудан ба мақсад аз бар мекунад он ба яке аз намудҳои экстремизм ҳамчун зуҳуроти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ табдил меёбад.
Бо мафҳумҳои "экстремизм" ва "радикализм" мафҳуми "фундаментализм" (бунёдгароӣ) низ иртиботи зич дорад. Ибораи "фундаментализм"-ро ба фаъолияти динии протестантҳо, ки барои онҳо ҷорӣ намудани ислоҳот дар протестантизм қобили қабул набуд, марбут медонанд. Онҳо зарурияти истифодаи таҳтуллафзидода нашудани мазмуну муҳтавои навиштаҷоти муқаддасоти дини хешро талқин менамуданд.
Вақте, ки сухан оид ба эътиқод ҳамчун кӯшиш ба муқаддасоти динӣ меравад, ҳар як шахси ба дин боваридошта, тамоми касоне, ки ба асосҳои бунёдии дини худ боварӣ доранд фундаменталист эътироф мешаванд. Аммо бо сабаби он, ки дар марҳилаҳои гуногуни таҳаввулот ва бархӯрдҳои ҷамъиятӣ, манфиатҳои навиштаҷоти муқаддасоти динӣ бо ин ё он маънӣ ба шуури одамон ҷойгир карда мешавад, пас дигаргунфаҳмиҳо дар андешаҳо ногузир аст .
Дар айни замон ибораи "фундаментализм" нисбат ба ҷараёнҳои дини Ислом басо васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон дар бештар мавридҳо муҳаққикон фундаментализмро бо терроризм ва экстремизм марбут медонанд. Фундаментализм ба касоне, ки ҷонибдори барқарор намудани принсипҳои исломи "тоза", озод намудани он аз табақабандӣ ва (исломи анъанавии онро ҳимоят мекунад) пурра ба роҳ андохтани ҳаёти инсонҳо дар асоси меъёрҳои Қуръон ва Суннат даъват менамоянд, хос аст. Фундаменталистҳо ба сифати мақсади худ дар ҷомеаи муосир барқарор намудани ниҳодҳо ва меъёрҳои замони нузули исломро эълон менамояд.

Муҳаққиқони ҳаракатҳои "исломи радикалӣ" хусусиятҳои хоси худошиносӣ ва сиёсии эҳёи асосҳои бунёдии исломро пеши назар меоваранд. Агар дар ҳолати аввал сухан оид ба назарияи авлодии давлати идеалии исломии асри VII равад, дар ҳолати дуюм сухан оид ба муборизаи фундаменталистон баҳри бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият ва муқаррар кардани модели сиёсии давлатӣ дар заминаи шариат меравад .

Ҳамин тариқ, "сепаратизм", "радикаизм" ва " фундаментализм" ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба мафҳуми "экстремизм" наздикӣ доранд ва бе сабаб нест, ки баъзе аз муаллифон онҳоро ҳамчун синоним истифода мебаранд, вале чӣ хеле ки айён гардид онҳо на дар ҳама ҳолатҳо моҳияти экстремизмро пурра дар бар гирифта метавонанд.
Агар "сепаратизм" бо фаъолияти халқҳои алоҳида вобаста ба ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ алоқаманд бошад, "радикализм" бо мақсади ғасби ҳокимият аз рӯи ангезаи сиёсӣ равона мебошад, "фундаментализм" бошад бевосита ба фаъолияти ташкилот ва иттиҳодияхои диннӣ оид ба нигоҳ доштан, мустаҳкам кардан ва ташвиқу тарғиб намудани ҷараёнҳои алоҳидаи динӣ иртибот дорад.
Дар маънии ибтидоии худ, ки мафҳумҳо ба ғояи истифодаи зӯроварӣ барои ноил шудан ба мақсад такя наменамуданд, ҳол он ки ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ дар тӯли таърих онҳо ба ғояи истифодаи зӯроварӣ печидаанд, ки ба омӯзиши онҳо оварда расонидааст.
Ҳамин тариқ, имрӯз ибораи экстремизм мазмуни комплексӣ касб карда, мафҳумҳои сепаратизм, радикализм ва фундаментализмро, ки бо истифодаи зӯроварӣ ва ё бо роҳи ба амал овардани даъвати оммавӣ барои ноил шудан ба мақсад алоқаманд мебошанд, дарбар мегирад. Аз ин рӯ бе сабаб нест, ки дар адабиёти илмӣ одатан се шакли асосии экстремизмро аз як дигар ҷудо менамоянд: сиёсӣ, миллӣ ва динӣ . Аммо зуҳурёбии дигар шаклҳои он аз эҳтимол берун нест (ниҳодӣ, маҳалгароӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ғ).

Ба назари мо чунин тартиби ҷудо намудани зуҳуроти экстремистӣ аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ, миллӣ ва диннӣ, ки дар бештари корҳои илмӣ ба назар мерасад, шартӣ мебошад, зеро тамоми омилҳои характери экстремистидошта бо ҳам дар иртибот буда бо якдигар алоқаи ногусаста доранд. Ба шаклҳо ҷудо кардани экстремизм (сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ) моҳияти илмӣ дошта, дар амал онҳо маъмулан дар алоҳидагӣ баромад намекунанд .

Экстремизми миллӣ ҳамеша бо худ унсурҳои экстремизми сиёсӣ ва дар бештар мавридҳо динниро доро мебошад. Дар навбати худ экстремизми сиёсӣ бошад, новобаста ба он ки ғояи тозаи диниро надорад метавонад асосҳои бардурӯғи диниро касб намояд. Чунин ғоя дар бештари мавридҳо аз эътиқоди эҳсосӣ куркурона маншаъ гирифта аз принсипҳои мантиқии оқилона асос намегирад.
Назария (ғоя) ва амалияи экстремизм бо ҳам дар алоқаи ногусастанӣ қарор доранд. Ғояи дар ангезаҳо ва мақсадҳо таҷассум ёфта, бевосита ба рафтор таъсир мерасонад.
«Вас-васа кардан барои содир сохтани ҳаракат бо ангезаи муайян ҳамчун ангезиш фаҳмида мешавад. Ангезиш ҳамчун раванди интихоб байни ҳаракатҳои гуногуни имконпазир дар самти ноилшавӣ ба мақсад эътироф мегардад».
Бо ибораи дигар: «Ангеза мақсаднок будани ҳаракатро муайян менамояд» .
М.С.Каган меафзояд, ки ҳар як фаъолияти мақсадноки субъект бояд дорои ангезаи дохилӣ бошад. Ангезаи раванди фаъолият бояд ба самти мушаххаси ин раванд табдил ёбад, ки дар мақсадгузорӣ, коркарди нақша ва тарзи ҳаракат ифода меёбад .
Усули ба ангезиш нигаронидашуда, барои донистани мазмуни экстремизм ва шаклҳои алоҳидаи он ёрӣ мерасонад .

Ба хотири он, ки тавзеҳи нодурусти мафҳуми «экстремизм» боиси нодуруст таъриф додани он мегардад, ба мо зарур аст баъзе аз аломатҳои фарқкунандаи ин кирдорро бо назардошти инкишофи таърихӣ ва дар шуури ҷамъиятӣ қарор гирифтанашон пайдо намоем, зеро то кунун дар сарчашмаҳои илмӣ ва қонунгузории ҷиноятӣ мафҳуми умумиэътирофшудаи он мавҷуд нест.

Чи тавре, ки профессор В.В. Лунеев қайд мекунад «ҳатто ба мутахассис хело мушкил аст, қонунгузории амалкунандаи давлатҳои мустақилро оид ба экстремизм сарфаҳм равад, ҳол он ки қонун барои шаҳрвандони оддӣ ва кормандони на он қадар босаводи системаи адлияи ҷиноятӣ таъин гардидааст» .
Соли 2006 аз ҷониби Маркази умумироссиягии омӯзиши афкори ҷомеа низ таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба ҳамин масъала гузаронида шуд, ки натиҷаи он чунин буд: Ба саволи «Чи гуна фаъолиятро мумкин аст фаъолияти экстремистӣ донист?» ҳар яке аз ду нафар (50%) дар ҷавоб додан мушкилӣ кашиданд; 17% ба экстремизм дастгирӣ намудани ғояи миллатгароӣ, фашизм, идеяи «Россия барои русҳо», 15% ба бандитизм, террор, муборизаи мусаллаҳонаро марбут донистанд, 12% дигар бошад хама гуна харакати таҷовузкорона, вандализм, бетартибиҳои оммавӣ ва занозаниҳоро экстремизм меҳисобиданд. Аз рӯи андешаҳои байни мардумони сокини шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дар ҷои аввал онҳо ҳаракатҳои таҷовузкорона, вандализм, бетартибиҳои оммавӣ (29%) ва дуюм идеияҳои миллатгароиро (25%) ҳамчун зуҳуроти экстремизм эътироф менамоянд .
Чи хеле ки аён гардид, назар ба қонунгузорӣ, ки мушкилотро дар роҳи муқаррар кардани чораҳо оид ба муқовимат ба фаъолияти экстремистӣ эҷод кардааст, дар шуури ҷомеа аниқтару фарохтар ҷаҳонбинӣ марбут ба ангезаҳо ва хусусияти зӯроварӣ доштани экстремизм дида мешавад.
Тасдиқи гуфтаҳоро натиҷаҳои пурсиши сотсиалогии аз тарафи муҳаққиқ А.Г.Хлебушкин гузаронида низ нишон медиҳад. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки пурсишшудагон (76% кормандони милитсия, 49% - хатмкунандагони институти ҳуқуқшиносии ВКД ФР) таҳти мафҳуми экстремизм «дар инсонҳо барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллатгароӣ, динӣ ва иҷтимоиро мефаҳманд. Пайравӣ ба чораҳои ифротгароӣ пеш аз ҳама ба зӯроварӣ дар соҳаи сиёсат, мубориза барои дастёбӣ ба ҳокимиятро мутаносибан 44% ва 54% пурсишшудагон эътироф намудаанд.
Аз рӯи маълумоти В.А. Бурковский, ки проблемаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додаст 36% донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии пурсишшуда дар он андешидаанд, ки фаъолияти экстремистӣ бо истифодаи зӯроварӣ иртибот дорад ва 43% онҳо қайд менамоянд, ки фаъолияти экстремистӣ дар барангехтани бадбинии динӣ, нажодӣ ва миллӣ зоҳир мегардад .
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки аз ҳама бештар мафҳуми экстремизм бо ҷилавгирӣ намудан ба татбиқи чораҳои шаддид ва ақоиди ифротӣ (пеш аз ҳама талқини зӯроварӣ дар соҳаи сиёсат, фашизм, миллатгароӣ, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллатгароӣ, диннӣ ва иҷтимоӣ) алоқаманд мебошад.
Бо назардошти афкори дар боло матраҳшуда метавон чунин хулоса кард:
Якум, экстремизм ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ доимо ақоиди таҳрифшудаи динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ ва маҳалгароиро ғояи дуруст шуморида, экстремистон истифодаи зӯровариро (чӣ ҷисмонӣ ва рӯҳӣ)-ро нисбат ба мухолифони худ ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ раво медонанд;
Дуюм, ғояҳои дорои хусусияти экстремистӣ дар асоси ангезаҳои номбурда метавонанд бо роҳи тайёр ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ, тарғибу ташвиқ ва даъватҳои оммавӣ амалӣ сохта шаванд;
Сеюм, ғояи истифодаи зӯроварӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо ангезаҳои сиёсӣ, иҷтимомӣ, миллатгароӣ, динӣ, нажодӣ ё маҳалгароӣ доимо барои ба мақсадҳои экстремистӣ ноил шудан равона мебошанд;
Чорум, субъектҳое, ки ташвиқот ва даъвати истифодаи зӯровариро барои ба мақсадҳои экстремистӣ ноил шудан ҷилавгирӣ менамоянд, ҳеҷ гоҳ иродаи қувваҳои солими ҷомеаро ифода наменамоянд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бархе аз олимон ҳангоми омӯзиши таносуби мафҳумҳои «терроризм» ва «экстремизм» онҳоро ҳамчун истилоҳоти ҳамшабеҳ арзёбӣ менамоянд , аммо мо тарафдори ин иқдом нестем, зеро «терроризм» аз калимаи лотинии «terrorism» манша гирифта, маънои таҳлука, ҳарос ва тарсонданиро дорад ва ин мавқеъро олимони дигар низ ҷонибдорӣ менамоянд .
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи ҷиноятӣ дар асоси афкори муқтадири илмии ҳуқуқшиносони варзида (Ю.М.Антонян, В.С.Верещетин, А.Э.Жалинский, М.П.Киреев, С.Г.Келина, В.С.Комиссаров, В.В.Лунеев, К.Ф.Шеремет и др.) ва омӯзиши як қатор монографияҳои комплексӣ мафҳуми умумиҳуқуқии зерини «терроризм» қобили пазироӣ мебошад: «Терроризм – ин содир намудан ва ё таҳдиди содир намудани таркиш, сӯхтор ва ё дигар кирдорҳои дорои хавфи умумӣ мебошад, ки метавонанд боиси марги одамон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардад ва ба тарсонидани аҳолӣ бо мақсади маҷбур сохтани давлат, ташкилоти байналмилалӣ, шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ва ё гурӯҳи ашхос барои амалӣ намудан ё худдорӣ кардан аз кадом як ҳаракат, равона аст» .
Новобаста ба алоқаи ногусастаи терроризм ва экстремизм, қайд кардан зарур аст, ки экстремизм асосан ба ҷонибдорӣ намудани афкори тафриқаандози шадид (идеология), ки истифодаи чораҳои ниҳоии зӯроварӣ (маҷбуркунӣ)-ро талқин менамоянд, равона мебошад. Чорум, терроризм бошад, дар худ ҳаракатҳои бевоситаро оид ба тарсу ҳарос ва ба таҳлука андохтани аҳолӣ (таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ ва ғ.) дар бар мегирад. Аз ин ҷост, ки теъдоди зиёди олимон меафзоянд, ки экстремизм мавҷудияти идеологияи хос, асосноккунии назариявии истифодаи зӯровариро дар бар дошта, терроризм маъмулан ҳамчун маҷмӯи ҳарактҳое баромад менамояд, ки аз идеологияи экстремистӣ манша гирифтааст .

Адабиётҳои истифодашуда:

Воҳид Шарипов Луғати тафсирии калимаҳои русӣ – интернационалӣ. Душанбе, 1984. С.360. 
Ниг.: Воронов И.В. Основы политико-правового ограничения социально-политического экстремизма как угрозы национальной безопасности Российской Федерации: Автореф. дис.. канд. полит. наук. М., 2003. -С.13; Басалай А. Опасность: национальный экстремизм // Диалог.1999. №10. -С.78; Афанасьев Н.Н.Идеология терроризма // Социально-гуманитарные знания. 2001. №6. -С. 211; Умланд А. Правый экстремизм в постсоветской России // Общественные науки и современность. 2001. № 4. - С. 80.

Лунеев В.В. Проблемы криминализации и противодействия экстремизму // Государство и право. 2009. №9. -С.44.
Филимонов Э.Г. Христианское сектантство и проблемы атеистической работы. - Киев, 1981. -С.90. Бражник И.И. Религиозный экстремизм: попрание прав верующих // Наука и религия. 1981. №1. -С.17.
Дар адабиётњо дигар андеша низ баён шудааст. Ба андешаи Н.Н. Афа¬насьева, "Экстремизм есть изначальное отрицание всякого чувства меры. Он оперирует искаженными, деформированными представлениями о дей¬ствительности, по крайней мере в той ее части, где пытается реализовать свои цели, как ближайшие, так и более отдаленные. В языке это выражает¬ся в крайности суждений, безапелляционности, категоричности. В практиче¬ской деятельности это неизбежно приводит к насилию". См.: Афанасьев Н.Н. Идеология терроризма // Социально-гуманитарные знания. 2002. № 1. -С. 234.
Ниг: Аршба О.И. Современный правый экстремизм в Европе // Вестник Московского университета. Сер. Социология и политология. 2002. № 4. С. 5.

Ниг.: Пиджаков А.Ю. Борьба с политическим экстремизмом и терроризмом: проблемы изучения // Правоведение. 2003. № 3. -С. 239; Сазонов И.А. Политический экстремизм и проблемы его категориального осмысления // Вестник Московского университета. Сер. Политические науки. 2000. № 2. -С. 116; Краснов М. Политический экстремизм - угроза государственности // Российская юстиция. 1999. № 4. -С. 4; Волков В.В. Политический радикализм в исламе и национальная безопасность России: Автореф. дис... канд. полит. наук. - М., 2002. -С. 24; Авдулов Н.С. Составление геополитического атласа Северного Кавказа: методологические проблемы // Философия права. 2002. № 2. -С. 101; Воронов И.В. Основы политико-правового ограничения социально-политического экстремизма как угрозы национальной безопасности Российской Федерации: Автореф. дис... канд. полит. наук. - М., 2003. -С. 16; Иванова В.В. Преступное насилие: Учебное пособие для ВУЗов. М., 2002. С. 3; Ковалев В.С. Политический экстремизм и механизм противодействия ему в современной России: Автореф. дис... канд. Полит. наук. М., 2003. С. 12; Новиков Д.В. Правовые и законодательные средства обеспечения региональной безопасности // Философия права. 2003. № 2. С. 95.

Авцинова Г.И. Политический радикализм в России: концептуальные подходы к понятию и пути нейтрализации // Вестник МГУ. 1995. № 3 - 4; Авцинова Г.И. Политический радикализм как одна из российских традиций // Власть. 1996. № 3;

Философский энциклопедический словарь. М. 1989.
Левин З.И. Реформа в исламе: быть или не быть. - М., 2005. – С.49.

Дар ҳамон ҷо. – С.49.
Ниг.: Полонская Л.Р. Современный исламский фундаментализм: политический тупик или альтернатива развития? //Азия и Африка сегодня. 1994. №11.

Мартыненко Б.К. Политический терроризм: понятие, признаки, классификация // Северо-Кавказский юридический вестник. 1999. № 7. - С. 66-74.
Верховский Л., Папп А., Прибылояский В. Политический экстремизм в России. -М., 1999. - С. 14-21.
Каган М. С. Человеческая деятельность. - М., 1974. -С. 175.
Антонян Ю.М. Терроризм: криминологическое и уголовно-правовое исследование. - М., ЩИТ-М, 1998. - С. 238.

 Лунеев В.В. Асари ишорашуда. - С.58.

Бурковская В.А. Криминальный религиозный экстремизм: уголовно-правовые и криминологические основы противодействия. Дис… док. юрид. наук. – М., 2006. – С. 29-30.

 Дар ҳамон ҷо. - С. 37.

Муфассалтар. Ниг.: Назарова Е.С. Политический экстремизм и его роль в современных конфликтах. - Ставрополь, 2001. - С.33; См.: Добаев И.П. Политический радикализм в современном исламе (на материалах Ближнего, Среднего Востока и Северного Кавказа): Автореф. дис. ... канд. полит. наук. - Ростов-на-Дону, 2000. - С.14.

Барихин А.В. Большой юридический энциклопедический словарь. - М., 2000. -С.635; Долгова А.И. Российская криминологическая энциклопедия. - М., 2000, - С.724; Сухарев А.Я. Российская юридическая энциклопедия. - М., 1999. - С.986.
См.: Материалы круглого стола по теме «Терроризм: психологические корни и правовые оценки». Государство и право. 1995. №4. - С.20-43.
См.: Антипенко В.Ф Современный терроризм: состояние и возможности его предупреждения (криминологическое исследование). - Киев, 1998; Емельянов В.П. Терроризм и преступления с признаками терроризирования: уголовно-правовое исследование. – СПб.: Издательство «Юридический цент Пресс». 2002; Имомов А.Х. Терроризм – форма организованной преступности. - Душанбе. 2003 и др.
Сафаров Х.С. Актуальные проблемы законодательного регулирования и квалификация терроризма (на материалах Республики Таджикистан и стран СНГ). - Душанбе, 2006. – С.69.

Фридинский С.Н. Борьба с экстремизмом: уголовно-правовой и криминологический аспекты. Автореф. дис. ... канд. юрид. наук. Ростов-на-Дону. 2006. – С.15.

Сафаров Ҳ.С., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошти занони 38 ва 43-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:11
  • Шикояти зан барои латукуби беасоси шавҳар

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 40-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:08
  • Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ....

    25.09.2020 10:13
  • Боздошти зани 30-сола барои ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    25.09.2020 10:10
  • Ба ҳалокат расидани мусофир дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    25.09.2020 10:08
  • Боздошти марди 40-сола барои дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    24.09.2020 10:48
  • 24.09.2020 08:30
  • Боздошти ҷавони 23-сола барои бо корд захмӣ намудани марди 27-сола ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи ....

    23.09.2020 10:17
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ

    Рӯзи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.09.2020 10:16
  • Санҷишҳои мақсаднок дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд

    Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти ....

    22.09.2020 15:47
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика