Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


НЕКӢ КУН АГАР ТУРО ДАСТРАС АСТ…

 

Ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як ангезаи глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуму конференсияҳои байналхалқӣ баромад карда, фитнаву дасисаи бадномкунандагони исломро борҳо таъкид менамояд, ки "Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст".
Идеологҳои Fарб, хусусан давлатҳои муқтадир, дар созмонҳои сиёсиву ҳарбӣ муттаҳид гардида, нияту ақидаҳои муғризонаи хешро пардапӯшона тарҳрезӣ намуда ва онҳоро дар давлатҳои Шарқ бо дасти баъзе гурӯҳҳои ба ин давлатҳо кинаовар амалӣ менамоянд. Бо ин восита, сабабу заминаи рӯй додани ҳама гуна амалҳои харобиовар, аз ҷумла терроризму гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои ифротгароиро ба дини ислом бор намуда, аҳли оламро ба муқобили ислом ва мусулмонон мешӯронанд. Ин аст, ки тайи ду-се даҳсолаи охир дар давлатҳои исломӣ гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ, амалҳои харобкунӣ, гаравгонгирии одамон бештар рӯй дода, низоъҳои қавмию мазҳабӣ авҷ гирифта истодаанд.
Ҳақ ба ҷониби сиёсатшинос С. Ятимов аст, ки дар мақолаи худ "Идеология ва манфиати миллӣ" навиштааст: "Таърих ва рӯйдодҳои замони муосир собит менамояд, ки субъектҳои сиёсие, ки барои расидан ба ҳокимият талош меварзанд, пеш аз ҳама амбитсияҳои шахсии худро ба ҳайси фарзияҳои идеологӣ нишон медиҳанд".
Воқеан ҷавҳари асосии ислом таълим, инсоф, адолату эътидол аст, ки инсонҳоро бародари ҳам, махлуқ ва офаридаи офаридгор дониста, ростию растагорӣ, оромию осоиш ва сабру таҳаммулро талқин менамояд. Дар ҳамин замина, Президенти мамлакат борҳо таъкид доштанд, ки яке аз амалҳои асосии паҳншавии ифротгароӣ надонистани дину мазҳаб ва таърихи миллати худ аст… Ин андешаҳо бамавриданд, зеро имрӯзҳо аз як тараф агар хатару таҳдидҳои номатлубе чун терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон инсониятро таҳдид созанд, аз сӯйи дигар дар ниқоби ҷиҳоду савоб дар чанде аз нуқтаи олам амалҳои ҷангӣ идома ёфта, ҷавонони дигар кишварҳо ба он кашида мешаванд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ ба гирдоби ин фитнаҳо гирифтор шуда, онро гӯё "кори савоб ва фармудаи ҳақ" медонанд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар амалиётҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ иштирок доранд. Ҳатто таассуфовар аст, ки чанд тани онҳо дар набардҳои бо ном ҷиҳодӣ ҳалок гардиданд, ҳол он ки падару модарашон гумон доштанд, ки онҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд. Ё ба наздикӣ тавассути шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» навореро дидем, ки 10 нафар ҷавонони ноҳияи Спитамен ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба узвияти иттиҳоди террористии "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" пайваста, пайрави таълимоте шудаанд, ки мақсади ниҳоияш бо роҳи зӯроварӣ ташкил намудани "Хилофати бузург" мебошад. Ҳарчанд қонунгузории кишварамон дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардани фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ чун "Ал-қоида", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" ва ғайраро эълон карда бошад ҳам, вале гаравидани баъзе ҷавонон ба онҳо хушдор медиҳад, ки мо, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчии кишвар нисбат ба тамоюлҳои нангин бетараф набошем.
Дар ин бобат, махсусан, бар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои аслии дини ислом, махсусан мактаби ҳанафии он, ки бунёдгузораш фарзанди бузурги халқи тоҷик Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад, машғул гардида, асли ғоявии арзишҳои дини мубини исломро ба хотири пешгирӣ аз равандҳои номатлуби тундраво, бегонапарастӣ, ҳаракатҳои иртиҷоии хурофотпарастӣ ба онҳо фаҳмонем.
Бояд дониста бошем, ки бобову аҷдодони мо тӯли густариши ислом дар сарзамини худ пайрави мазҳаби Абуҳанифа буданд. Мазҳаби ҳанафӣ дар ҳама ҳолат миёнравию эҳтиёткориро пеша карда, буғзу кина, ҷабру ситам, зулму тааддиро ба касе раво надидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари худ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои босуботе табдил ёфтааст, ки беш аз 90 фоизи аҳолии он мусулмон буда, дар баробари дигар арзишҳои миллӣ ва динӣ ба дини мубини ислом ҳамчун падидаи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ арҷгузорӣ менамояд.
Роҳбарияти давлатамон мизони мувозинати одилонаи муносибати давлат ва динро дар партави нишондоди Қонуни асосии кишвар ба амал бароварда, ба он аз назари талаботи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муносибат менамоянд.
Чун ба замони Шӯравӣ назар андозем, мебинем, ки дину диндорӣ дар доираи ниҳоят маҳдуд мавҷуд буд ва аксари ҷашну маросимҳои динӣ мамнӯъ гардида буданд. Барои мисол, агар то даврони соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид бошад, имрӯз шумораашон аз 4 ҳазор гузаштааст. Дар ҷумҳуриамон 74 иттиҳодияи динӣ, як Донишкадаи давлатии исломӣ, Гимназия ва мадрасаҳои динӣ мавҷуданд. Китоби муқаддаси "Қуръон" чанд дафъа аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат ба забони тоҷикӣ нашр гардида, ройгон ба мардум тақдим карда шуд. Вале, набояд фаромӯш кард, ки арзишҳои ислом ба фарҳанг ва гузаштаи халқамон алоқаманд буда, як рукни муҳими арзишҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои динӣ, инчунин музаффариятҳои давлати демократии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ҳифз намоем.
Мо, мардуми сарбаланди тоҷик, бояд шукргузори он бошем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддун, дорои ҳуввияту асолати таърихӣ буда, ҳатто дар густариши дини мубини ислом саҳми азим дорем. Ҷавонон ва наврасони мо набояд фирефтаи ташвиқу тарғиби аҷнабиён бобати гаравидан ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шаванд. Онҳо бояд аз маърази дарки солим огоҳ гардонда шаванд, ки бузургони миллатамон - Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Имоми Термизӣ, Муҳаммад Fаззолӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва даҳҳо дигарон дар густариш ва нигоҳдошти дини ислом хизматҳои назаррас дошта, аз офаридаҳояшон дар тавзеҳу ташреҳи калом ва аҳодиси набавӣ даҳҳо қавму миллатҳо манфиат ёфтаанд.
Ҳар як ҷавони солимфикр бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Бояд воқеъбинона дарк намояд, ки ҷавонӣ як бор насиби кас мегардад. Агар онро пайи омӯхтани илму ҳунар, кирдори нек ва хидмати халқ гузаронанд саодатест, вагарна умри зоеърафтаро баргардонида намешавад, ё дигар онро наёбӣ. Дар ин маънӣ Саноии Fазнавӣ хеле хуб гуфтааст:
Некӣ кун агар туро дастрас аст,
К-ин олам ёдгори бисёр кас аст.
Ҳодисаҳои хунину харобиоваре, ки солҳои охир дар шаҳри Беслани Доғистон, Грознии Чеченистон, нукоти мухталифи Афғонистону Покистон, Мисру Ироқ ва дигар гӯшаҳои олам рух медиҳанд, амалҳои нангине мебошанд, ки ба ҷуз даҳшату нифоқ ва нафрат дигар натиҷае намеоранд. Дар ҳамаи ин амалиётҳои нангин дасти ҷавонони сабукандеш дида мешаванд. Ва ахиран рӯйдоде, ки бо дастгирӣ ва кӯшиши баъзе бадномсозони ислом ба амал бароварда шуда ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, дар як қисми ҳудуди мамлакатҳои Ироқу Сурия ташкил дода шудани "Давлати Исломии Ироқу Шом" (бо номи ихтисории "ДИИШ") мебошад. Онро на чун давлати исломӣ, балки як гурӯҳи тундрав донистан лозим аст. Ин гурӯҳ ҳоло ба ҷамъ кардани ифротгароён аз дигар давлатҳои ноором машғул буда, дар сохти сиёсияш худро "Сохти хилофати воҳиди исломӣ" эълон карда ва Абубакри Бағдодӣ ном террористро роҳбар ва "Халифа"-и хеш эълон намудааст. Ин давлат, ки амалаш қатлу куштори дигар ақвоми ғайриараб мебошад, ният дорад, ки ба зудӣ ҳокимияташро дар қаламравҳои аз Испания то Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон паҳн намояд. Идеологияи "ДИИШ" на барои пок нигаҳ доштани ислом, балки баҳри марому мақсади режими хуношом ба қатлу зулм асос ёфта, ба ислом иснод меорад. Аз ин рӯ, ҳамаи давлатҳои исломӣ сиёсати "ДИИШ"-ро маҳкум карда, азми нест намудани онро доранд.
Гаравиши ҷавонону наврасон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии ба дасисаи ифротгароён фирефташуда дар ин «мамлакати навпайдо» хеле афзудааст. Ҳатто як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонӣ низ фирефтаи идеологияи муғризонаи "ДИИШ"-иён гардида, ба шаъну эътибори миллати сулҳдӯст ва соҳибфарҳангу тамаддунофари мо иснод меоранд.
Дар чунин мавридҳо падару модарон худро маломат мекунанд, ки ба кирдори фарзандон мухолиф буда, аз гаравиши онҳо ба амалҳои ифротгароӣ хеле дер огаҳ шудаанд. Вале, ақли солим волидайнро ба сустии тарбияи оилавӣ ва ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, аз огаҳ набудани онҳо дар эҳтироми падару модар мазаммат менамоянд. Дар намоиши телевизонии дар боло зикргардида сокинони ноҳияи Спитамен фарзандонашонро шадидан гунаҳкор дониста ва нафрат мехонданд. Хусусан, он ҳолат хеле ҳузнангез буд, ки волидайни ин ҷавонон кирдори фарзандони худро хилофи дину оин шуморида, гаравиши онҳоро ба ин амалҳои бегонапарастӣ маҳкум мекарданд. Аксари онҳо аз вазъи мусоиди озодии виҷдон, эътиқоду пайравӣ ба исломи воқеӣ дар мамлакат изҳори хушнудӣ менамуданд.
Мураттибони китоби "Ҷойгоҳи падару модар дар ислом" мисолҳои зиёдеро дар партави оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) овардаанд, ки моҳияташон некӯӣ ба падару модар дар паҳлӯи имон ба Худо ва тавҳиди ӯ қарор гирифта, носипосӣ ва беэҳтиромии волидайн дар сурати баъд аз ширк ба Худо, ки бузургтарину нобахшидатарини гуноҳ аст, қарор дорад. Чунончӣ, Расули Худо дар мавриди нороҳат ва ғамгин сохтани волидайн чӣ бо гуфтор ва чӣ бо кирдор, то онҷое ки боиси гиря ва ҳузнашон шавад, азимтарин гуноҳи фарзанд медонад.
Зимнан, чанде қабл ҳангоми ташрифаш яке аз чеҳраҳои намоёни ислом муосир, раиси Созмони ҷаҳонии "Васоят", сиёсатмадори давлати Қатар Абдулло Одил-ал Фалоҳ ба ҷавонони донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфт: "Эй наберагони нобиғаҳои нотакрори олам, ки дар фарҳангу тамаддуни ислом саҳмгузоранд! Имрӯз ҷаҳон аз Шумо интизори он аст, ки нақши тамаддунофарии худро дубора эҳё намуда, барои башарият хидмат кунед".
Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.
Шарофиддин АСОМИДДИНЗОДА, мудири шӯъбаи маорифи н. Панҷ 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошти занони 38 ва 43-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:11
  • Шикояти зан барои латукуби беасоси шавҳар

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 40-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:08
  • Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ....

    25.09.2020 10:13
  • Боздошти зани 30-сола барои ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    25.09.2020 10:10
  • Ба ҳалокат расидани мусофир дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    25.09.2020 10:08
  • Боздошти марди 40-сола барои дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    24.09.2020 10:48
  • 24.09.2020 08:30
  • Боздошти ҷавони 23-сола барои бо корд захмӣ намудани марди 27-сола ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи ....

    23.09.2020 10:17
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ

    Рӯзи 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.09.2020 10:16
  • Санҷишҳои мақсаднок дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд

    Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти ....

    22.09.2020 15:47
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика