Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиёни наврас ғолиби сабқати панкратион

1885

Рӯзҳои 18-19-уми сентябри соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (МАНЕЖ) мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар он 400 варзишгар ва мухлисони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.

1886

Дар ин сабқат 7 нафар динамочӣ, таҳти сарпарастии Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидхӯҷа Ҳабибов иштирок намуда, аз онҳо 3 нафар: Ёқуб Раҷаб дар вазни 35 кг, Муҳаммади Файзалӣ дар вазни 50 кг ва Ислом Саидов дар вазни 55 кг дар байни наврасон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи панкратиони муосири Тоҷикистон доир гардида, дар ҳисоби даставӣ низ дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мақоми якумро соҳиб шуд.
Ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳадаф аз гузаронидани мусобиқаи варзишии мазкур тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим байни насли наврасу ҷавон, такмили малакаю маҳорати варзишии онҳо, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва таҳкими дӯстию рафиқат арзёбӣ гардид.

Н. Ҷобиров




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика