Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот байни наврасону ҷавонон

1517

Рӯзи 11-уми сентябри соли равон мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот байни наврасону ҷавонон бахшида ба таҷлили «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш бар зидди нашъамандӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим!» бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар варзишгар, 6 даста ва беш аз 300 нафар тамошобин ширкат варзиданд.
Мусобиқаҳо байни бонувону наврасон аз рӯи системаи швейтсарӣ доир карда шуданд.
Дар мусобиқаи шашка ҷойи аввалро миёни писарон Азизов Ёқубҷон, ҷойи дуюмро Саидзода Умар ва ҷойи сеюмро Достиев Алиҷон ишғол намуданд. Дар ин намуди варзиш дар байни духтарон Сафарова Сабоҳат мақоми аввал, Мирзоева Марям зинаи дуюм ва Амирхонова Аниса ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Дар сабқати шоҳмот байни писарон ба гирифтани ҷойи аввал Ҷалолиддин Илҳомӣ, мақоми дуюм Ҳамроев Усмон ва мақоми сеюм Наимов Давид мушарраф гардиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот байни духтарон бошад, мақомҳои ғолибиятро Шарипова Наргис ҷойи аввал, Зафари Шукрона чойи дуюм ва Олимшоева Аниса зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи шашка ва шоҳмот ҷойи аввалро дастаи «Динамо», ҷойи дуюмро дастаи Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии (МД ММВЗО) №7 шаҳри Душанбе, ҷойи сеюмро Муассисаи давлатии «Таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур» ишғол намуданд.

15181519

Мавриди қайд аст, ки варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо ташкил менамояд. Варзишгарони “Динамо” бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика