Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Истиқлол» дар байни наврасони ВМКБ

1873

Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо клуби футболи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллои шаҳри Хоруғ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд миёни наврасони дастаҳои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дарёфти «Ҷоми Истиқлол», муддати 10 рӯз давом ёфт.
Дар чорабинии варзишӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода, масъулини РВКД дар ВМКБ ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ ширкат варзизанд.

18741875

Муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Толеҳзода Аъзам варзишгаронро аз номи роҳбарияти РВКД дар ВМКБ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон табрику шодбош намуда, қайд дошт, ки мардуми тоҷик имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд. Хушбахтона дар даврони Истиқлоли кишвар имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят чандин майдончаҳои варзишии замонавӣ мавриди истифода карор дода шуданд, ки ин ҳам албатта аз дастовардҳои даврони Истиқлол мебошад. Роҳандозӣ намудани чунин бозиҳои варзишӣ миёни наврасон ва ҷавонон ин пеш аз ҳама ҷалб намудани онҳо ба варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии террористиву экстремистӣ мебошад.
Вазишгарон аз худ маҳорати хуби варзиширо нишон дода, баъди анҷоми бозиҳои ниҳоӣ маросими туҳфасупорӣ ба варзишгарон ва мураббиёни дастаҳо оғоз гардид. Аз ҷониби доварон ғолибони мусобиқа муайян гардида, бозингари беҳтарин Алидод Алидодов гардида, аз ҷониби масъулини РВКД бо маблағи пулӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид. Дар ин мусобиқа нишонзани беҳтарин Раҳмунбек Давлатбеков эълон карда шуд ва бо Ифтихорнома, туҳфаи арзишнок ва маблағи пулӣ қадридонӣ гардид.
Дарвозабони беҳтарин бошад Баҳромшоҳ Бахтиёров гардида, бо туҳфаи арзишнок, маблағи пулӣ ва Ифтихорнома, сарфароз карда шуд. Ҷойи сеюмро дастаи варзишгарони Литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ соҳиб гардиданд ва аз ҷониби масъулини РВКД бо медалҳои варзишӣ қадр карда шуданд.

1876

Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд инчунин дастпарварони маркази омодагии олимпии ВМКБ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо медалҳои варзишӣ сарфароз карда шуданд. Ҳамзамон ба мураббиёни дастаҳои мактабҳои варзишии вилоят туҳфаҳои арзишнок ва маблағи пулӣ такдим карда шуд. Дар мусобиқаи варзишии футбол миёни наврасони шаҳру ноҳияҳои вилоят бозингарони дастаи махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи якум гардида, бо Ҷоми Истиқлол аз ҷониби масъулини РВКД дар ВМКБ сарфароз гардонида шуданд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,

Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика