Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҷашнии варзишии оташнишонон дар СХДО ВКД

1800

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар тамоми ҷузъу томҳо ба онҳо тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.
Дар ин замина, бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсат ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриявӣ, инчунин бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар варзишгоҳи машқи-таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми июли соли 2021 мусобиқаи шахсӣ-даставии Сарраёсат оид ба футболи хурд дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳи муовини аввали сардори СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода кушода эълон намуда, аз ҷумла ба ҳайати доварон шафофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи варзишгарон комёбию натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Тавре муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат подполковники милитсия Шарифзода Шариф Мирсаид иброз намуд, мусобиқаи мазкур аз санаи 27-уми июл то 03 августи соли 2021 идома хоҳад ёфт. Дар он 12 даста байни худ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Аз рӯзи аввал мусобиқа хеле ҷолиб ҷараён гирифта, қуваозмоии иштирокчиёни мусобиқа ҳайати доварону тамошобинонро ба ваҷд оварда, аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як дастаи варзишгарон ба чорабинии варзишӣ дарак медод.
Сардовари мусобиқа-довари дараҷаи байналмилалӣ, устоди варзиш, корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарахон Эмомов ва намояндаи Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Мирзоев ба ташкили чорабинии варзишӣ ва тайёрии ҷисмонии ҳар як футболбозон баҳои баланд доданд.

18011802

Дар рӯзи якуми баргузории чорабинии варзишӣ дастаи футболи хурди қисми мустақили 2-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Сино бо дастаи қисми мустақили 54-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дастаи футболи хурди Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо дастаи қисми мустақили 2-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дастаи футболи хурди қисми мустақили 27-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав бо дастаи қисми махсуси минтақавии СХДО ВКД ва дастаи футболи хурди қисми мустақили 17-уми оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор бо дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода байни худ рақобат намуданд, ки он хеле ҷолибу хотирмон ҷараён гирифта, тамошобинонро шоду хурсанд намуд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика