Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ дар ноҳияи Ховалинг

1788

Санаи 24 июли соли 2021, бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Федератсияи байналмиллалии шиноварӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар ҳавзи шиноварии ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 170 нафар варзишгарони касбию ғайрикасбӣ, наврасону ҷавонон ва духтарчаҳои шиновар аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон ширкат варзиданд.

178917901791179217961797

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи варзишӣ - рушду тарғиби варзиши шиноварӣ дар сартосари кишвар, ҷалби сокинон, махсусан ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш ва тавассути он омӯзиши қоидаҳои бехатарии шиноварӣ ба ҳисоб меравад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло баромад намуда, меҳмонону иштирокчиёнро ба диёри хушманзараи ноҳияи Ховалинг хайрамақдам гуфт. Мавсуф оиди аҳамияти варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ба солимии рӯҳу тан, кӯшишҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти беҳбудгардонии шароитҳои машғул гардидан ба варзиш ва дигар мавзӯи марбута ибрози назар намуд.
Пас аз садои Суруди миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт.
Нахуст, барои тамошобинону мухлисони варзиши шиноварӣ аз ҷониби мутахассисони Федератсияи миллии шиноварии кишвар тарзу усули дурусти шиноварӣ, қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ ва наҷот додани шахсони ғарқшуда нишон дода шуд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз, ба муносибати «Рӯзи байналмиллалии варзишҳои намуди обӣ» аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба тамоми иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили либоси варзишӣ, медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Мусобақаи ҷумҳуриявии шиноварӣ байни варзишгарони касбию ғайрикасбӣ дар алоҳидагӣ аз намудҳои тарзи озод, пуштнокӣ, баттерфляй, брасс ба масофаи 50 метр баргузор гардид.
Аз натиҷаи ғолибияти бештари иштирокчиён дар байни варзишгарони касбӣ дастаи «Душанбе» ҷойи аввал, дастаи «Ховалинг» ҷойи дуюм ва дастаи «Кӯлоб» мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ бошад, дастаи ҷамоати деҳоти «Лоҳутӣ» мақоми аввал, дастаи «Ҷомбахт» зинаи дуюм ва дастаи «Равшанӣ» ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

1793

Дар идомаи чорабинӣ, аз номи Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба 13 нафар варзишгарони беҳтарин ва мураббиён тӯҳфаҳои арзишнок, ҷузъдонҳо бо лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуданд.  

17941795

Ғолибони мусобиқа дар маросими тантанавӣ бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.
Мукофотҳоро раиси ноҳияи Ховалинг Муҳтадӣ Маҷидӣ, мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковник Ориф Ҷӯраев ва муовини аввали Раиси Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён супориданд.

17991798

Пас аз анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ҳавзи шиноварӣ, ки бо иқдоми Раиси Федератсияи миллии шиноварӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо шароитҳои хуби замонавӣ муҳайё карда шудааст, барои истифодаи наврасону кӯдакони маҳаллаҳои наздик супорида шуд, ки хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд. 

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика