Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои хуби динамочиёни наврас дар мусобиқаи каратэ

1783

Варзишгарони навраси аъзои дастаи «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-кёкушинкай байни наврасон бахшида ба таҷлили «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, аз 11 нафар 8 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи каратэ-кёкушинкайи кишвар рӯзҳои 17-18 июли соли 2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «А.Фирдавсӣ»-и ш. Душанбе баргузор карда шуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарони ШҶ «Динамо» Фараҳманд Одиназода дар вазни 70 кило, Давлатмурод Азимов дар вазни 47 кило, Иброҳим Қодиров дар вазни 42 кило ва Рамазон Каримов дар вазни 54 кило ҷойҳои якумро ишғол намуда, ба гирифтани ифтихорнома ва медали тилли мушарраф гаштанд. Ҳамчунин, динамочиёни дигар Юсуф Одиназода дар вазни 48 кило, Саддам Сафаров дар вазни 25 кило мақомҳои дуюм, Муҳаммад Раҳмонзода дар вазни 27 кило ва Билол Аминов дар вазни 23 кило ҷойҳои сеюми мусобиқаро соҳиб гаштанд.

17841785

Варзишгарони муваффақи мазкур таҳти роҳнамоии мураббии пуртаҷрибаи ШҶ «Динамо» Саидаҳмад Раҳмонзода машқу тамрин менамоянд.

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика