Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи футболи «Динамо» - барандаи мусобиқаи байни вазорату идораҳо

1777

Футболбозони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар ширкат варзида, ҷойи аввалро ишғол намуданд.
Дастаи «Динамо» дар даври ниҳоӣ дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро бо ҳисоби 10:4 шикаст дода, ғолиби мусобиқаи варзишӣ гардид. Ҷойи сеюми мусобиқаро дастаи Хадамоти гумруки мамлакат ба даст овард. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, диплом, медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

17781779

Қобили зикр аст, мусобиқаи варзишии мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида буд, тайи се моҳи охир идома дошта, санаи 15-уми июл бо баргузории даври ниҳоии он анҷом ёфт.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика