Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарсҳои «Худмуҳофизатии бесилоҳ» барои кормандони милитсия

1454

Тайи панҷ рӯз, аз 5-ум то 9-уми июл тибқи нақшаи машғулиятҳои варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, барои кормандони Шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки дар ҷойи хизмат ҳамчун мутасаддиён оид ба тайёрии ҷисмонӣ мебошанд дарсҳои «Худмуҳофизатии бесилоҳ» баргузор карда шуд.
Дарсҳои «Худмуҳофизатии бесилоҳ» дар Майдончаи варзишии наврасони шаҳри Хуҷанд (ДЮШС) ҷараён гирифта, 25 нафар кормандони милитсия ҷиҳати тамрину омӯзиш, бо роҳнамоии дастурдиҳандагони касбии дараҷаи устоди варзиши байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, нозукиҳои омодагии ҷисмонӣ ва худмуҳофизатиро омӯхтанд.
Тавре масъулин иброз доштанд ҳадаф аз роҳандозии машғулияти варзишӣ такмили омодагии ҷисмонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, безараргардонии предмети ба сифати силоҳ ба муқобили корманди милитсия истифодашаванда, зада гардонидани ҳуҷуми ашхоси ҷинояткору ҳуқуқвайронкунанда дар шароити муҳорибаҳои тан ба тан, ҳифзу амнияти шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Дастурдиҳандагон дар ҷараёни дарс ба кормандону мутасаддиёни мақомот усулҳои дастгир намудани ҷинояткор аз пешу қафо, дар ҳолати бо корд ё предметҳои гуногун мусаллаҳ будани ҷинояткор, қатъдиҳии дастҳо ва дигар усулҳои махсуси идора ва тобеъ намудани ҷинояткорро омӯзониданд. Баъди гузаштани курси пурраи кутоҳмуддати омодагии ҷисмонии «Худмуҳофизатии бесилоҳ» иштирокчиёни дарс аз натиҷаи маҳорати варзишӣ санҷиш супорида соҳиби сертификат шуданд.

14551456145714581459

Ба кормандону мутасаддиёни омодагии ҷисмоние, ки курси махсуси дарси «Худмуҳофизатии бесилоҳ»-ро бомуваффақият гузаштаанд, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ сертификатҳоро супорид. Ба онҳо дастур дода шуд, ки усулҳои худмуҳофизатии азхуднамударо дар макони хизмат ба ҳайати шахсӣ омӯзонанд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика