Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

1432

Рӯзи 29-уми июни соли 2021 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки дар он 6 дастаи намояндагони 4 кишвар ширкат доштанд, идома ёфта, ғолибони рӯзи сеюми он муайян гардиданд.
Омодагии шиноварони дастаи Федератсияи Россия нисбатан хубтар буд, ки имконият дод, дар мусобиқа пешсаф гарданд. Варзишгарони рус тавонистанд, дар рақобатҳои минбаъда низ дар аксари сабқатҳои шиноварии тарзи озод, батерфлай, брасс, пуштнокӣ ба масофаҳои 100, 200 ва 400 метр ва ғайра ғолиб оянд. Варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар чандин сабқат, аз ҷумла дар эстафетаи даставӣ ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, аз ҷамъбасти ҳамаи намудҳои сабқати шиноварӣ дастаи Федератсияи Россия мақоми аввал, Ҷумҳурии Ӯзбекистон зинаи дуюм ва дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибони даставӣ ва варзишгарони муваффақ дар маросими тантанавӣ Ҷом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар сатҳи баланду хотирмон доир гардид ва яке аз ҳадафҳои асосии он – таҳкими дӯстию рафиқӣ байни миллатҳо бомуваффақ амалӣ гардид. Намояндагони ташкилотҳои варзишии кишварҳои иштирокчӣ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти варзиш, аз ҷумла дар самти шиноварӣ изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ин раванд байни Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон Ёддошти ҳусни тафоҳуми тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва рушди шиноварӣ баҳри манфиати ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ба имзо расонида шуд.

14331434143514361437

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ бо назардошти беҳтар гардидани вазъу шароит чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар сатҳи боз ҳам баландтар доир карда хоҳанд шуд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика