Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалии СҲШ доир гардид

1747

Рӯзи 13-уми июни соли 2021, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ доир карда шуд.
Дар ниммарафони байналмилалии СҲШ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Ҳамоҳангсози СҲШ дар Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони расмии сафоратҳои як қатор кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон, кормандони муассисаю ташкилотҳо, корхонаҳои ватанию хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
Қисмати аввали чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва Ҳамоҳангсози СҲШ дар Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода оғоз ёфта, пас аз намоиши чорабинии хурди фарҳангӣ дав оғоз карда шуд.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, он аз назди «Эстакадаи Қарияи боло» - хиёбони Исмоили Сомонӣ-70 оғоз шуда, дар майдони Исмоили Сомонӣ хотима ёфт.
Дар ниммарафон дар баробари шаҳрвандони касбу кори гуногуни кишвар варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ иштирок намуда, аз миёни мардон нахустин шуда намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов дар муддати 1 соату 9 дақиқа ба хатти марра расид.
Ҳамин тариқ мақомҳои дигари ифтихориро варзишгарони тоҷик: Азимов Садриддин, Олимов Ғайрат, Якинов Бобоҷон ва Одинаев Меҳробҷон соҳиб гардиданд.
Аз миёни бонувон бошад Мирзоакбарова Азиза намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якумин шуда ба марра расид. Ҳамчунин, чор зинаи дигари ифтихориро бонувон - варзишгарони тоҷик: Баротова Маҳина, Ғаффурзода Зулҳиҷа, Абдуллоева Раҷабмоҳ ва Манижаи Рамазон ишғол намуданд.
Дар баробари намояндагони дигар вазорату идораҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ дар ниммарафони амзкур фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорату малакаи баланд нишон доданд.
Дар ҷамъбаст ғолибон ва иштиричиёни марафон аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

17491749

Ёдовар мешавем, ки ниммарафони байналмилалӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар СҲШ доир шуда, мақсад аз он тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои созмон тавассути баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, рушди саёҳати дохила ва беруна, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби пайвастаи сокинон ба бозиҳои варзишию тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Қиёмиддин Маҳмадҷонов,
Исфандиёр Амакҷонов.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика