Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шашка ва шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» дар шаҳри Конибодом

1689

Бо иқдоми мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни наврасон ва рушди варзиши зеҳнӣ, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мусобиқаи варзишии шоҳмот ва шашка ташкил карда шуд. Чорабинии варзишӣ тайи се рӯз санаҳои 4-5 ва 6-уми май дар маҷмааи фароғатии «Корвон»-и шаҳри Конибодом баргузор гашт.
Маросими кушодашавии мусобиқа бо иштироки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом оғоз ва тибқи қоидаҳои ин намудҳои варзиш ба таври системаи даврӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар дӯстдорони шашкаву шоҳмот хеле шавқовар ва дар сатҳи баланд ҷараён гирифт. Иштирокчиёни мусобиқа муассисаҳои таълимӣ, мактабу коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои шаҳри Конибодомро муаррифӣ мекарданд, ки дар ҳайати даставӣ нерӯсанҷӣ карданд.
Ташаббускорони чорабинии варзишӣ ҳадафи дигари мусобиқаро мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни наврасон, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тарғиби бозии шоҳмоту шашка унвон карданд, ки байни мардҳо ва занҳо дар алоҳидагӣ сурат гирифт.
Рафти баргузории мусобиқа ва иштироки аъзами насли ояндасоз бозгӯи он буд, ки имрӯзҳо ин намудҳои варзиш байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Конибодом маҳбубият дорад.
Давраи ниҳойӣ ва пӯшидашавии мусобиқа бо иштироки муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Полвон, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом полковники милитсия Маҳмадсафар Пирзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқуқ ва дигар сохторҳои МИҲД шаҳри Конибодом сурат гирифт.
Дар натиҷаи соҳиб шудан ба мақомҳои бештари ифтихорӣ дастоварди варзишгарон дар ҳайати даставӣ баҳогузорӣ ва дастаҳои ғолиб муайян шуданд. Ҳамин тавр дар намуди шоҳмот ҷойи якумро дастаи МТМУ №2, ҷойи дуюмро дастаи МТМУ №3, ва мақоми сеюмро дастаи МТМУ №4 ба даст оварданд. Дар намуди шашка ғолибии ҷойи аввал насиби дастаи МТМУ №14, ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом ишғол намуданд.

169016911692169316941695

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика