Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомҳои ифтихории футболбозони навраси «Динамо»

1684

Тайи се моҳи охир бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кӯдакону наврасон дар якҷоягӣ бо ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (ТСЕЛЛ) мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасону хурдсолон таҳти шиори «ТСЕЛЛ-Футбол ба назди шумо меояд» доир карда шуд, ки дар он беш аз 7500 нафар варзишгарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашта, дар тарғиби футболи ҷумҳурӣ ва имконияти баланд бардоштани маҳорату малакаи наврасону хурдсолони футболбоз боз ҳам мусоидат намуд.
Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи наврасон ва хурдсолони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
2-юми майи соли 2021, даври ниҳоии мусобиқа дар майдончаҳои варзишии «Душанбе Арена» доир гашт.

1685168616871688

Динамочиён гарчанде, ки дар ин давр аз рақибони худ дар гурӯҳи U-7 (синну соли 7-сола) аз дастаи «Легион» ва дар гурӯҳи U-9 (синну соли 9-сола) аз дастаи «Солор» шикаст хӯрданд, аммо дар натиҷаи заҳматҳои қаблиашон ба гирифтани мақомҳои дуюми мусобиқа сазовор гардиданд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика