Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шиноварӣ байни кормандони вазорату идораҳо

1682

Рӯзҳои 22-23-юми апрели соли 2021, дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи мусобиқаи кушоди варзишӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабқати шиноварӣ доир карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 6 даста бо теъдоди 50 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарон аз рӯи се намуди шиноварӣ: тарзи озод, баттерфлай ва пуштнокӣ ба масофаи 50 метр бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷаи нишон додани малакаю маҳорати варзишгарон дастаи Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи якум, дастаи Вазорати мудофиа ҷойи дуюм ва дастаи Федератсияи миллии шиноварии кишвар ҷои сеюмро ишғол намуданд.

1683

Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика