Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шашкаю шоҳмотбозӣ бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатӣ»

1676

30 апрели соли 2021, дар заминаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот байни кормандони вазорату идора ва корхонаҳои кишвар дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромада, ин навбат низ хеле ҷолибу дар сатҳи баланд баргузор гаштанд.
Мусобиқаҳо ба таври даврӣ тибқи қоидаҳои варзиши дахлдор, байни мардҳо ва занҳо дар алоҳидагӣ сурат гирифт. Дар он 18 даста бо теъдоди беш аз 80 нафар варзишгар ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шоҳмот байни бонувон ҷойи якумро Сабрина Абророва варзишгари аъзои ШҶ “Динамо”-и ВКД, ҷой дуюму сеюмро Зебо Улуғхоҷаева ва Мутриба Ҳотамӣ ҳар ду аз дастаи Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка”-и ш.Душанбе (МД ММВЗО №7) ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи шашка байни бонувон мақоми аввалро Лола Исмоилова аз дастаи МД ММВЗО №7, ҷойи дуюмро Дилафрӯзи Баҳодур намояндаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (ДТҶТ) ва зинаи сеюмро Бибиҳамро Уроқова аз Вазорати корҳои дохилӣ ба даст оварданд.

1677167916801681

Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардҳо бошад, ҷойи аввалро Ҷангибек Сафаров варзишгари дигари МД ММВЗО №7, ҷойи дуюмро Олимҷони Баҳодур аз дастаи Вазорати мудофиа ва мақоми сеюмро Эраҷ Зоҳидов варзишгари ДТҶТ соҳиб гаштанд.
Дар байни шашкабозон-мардҳо зинаи аввалро Алишер Каримов аз дастаи МД ММВЗО №7, мақоми дуюмро Ҷалолиддин Илҳомӣ аъзои ШҶ “Динамо”-и ВКД ишғол намуда, ҷойи сеюм насиби Рашид Ҳусейнов аз дастаи МД ММВЗО №7 гардид.
Аз натиҷаи ба даст овардани мақомҳои ғолибияту ифтихории варзишгарон ғолибони даставии мусобиқа низ муайян гардиданд. Дар намуди шашка ҷойи якумро дастаи Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка”-и ш.Душанбе, ҷойи дуюмро дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ва мақоми сеюмро дастаи Вазорати мудофиа ба даст оварданд. Дар намуди шоҳмот ғолибии ҷойи аввал насиби дастаи Вазорати корҳои дохилӣ гардида, ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои МД ММВЗО №7 ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Мукофотҳоро дар маросими тантанавӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, ки ҳамчунин дар байни варзишгарони ҳавасманд дар намуди шоҳмот натиҷаи беҳтарин дошт ва муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ супориданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика