Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корманди милитсия - ғолиби Ниммарафони байналмилалии Душанбе-2021

1672

Рӯзи 17-уми апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Ниммарафони XI байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои тирандози ротаи 1-уми Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, узви Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД сержанти милитсия Зулҳиҷа Ғаффорзода дар байни занҳо мақоми сеюмро соҳиб гардид.
Номбурда дар Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирифт, масофаи муайянгардидаро дар 1 соату 34 дақикаю 35 сония тай намуд, ки он аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
Лозим ба ёдоварист, ки Зулҳиҷа Ғаффорзода дар чандин сабқатҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва ВКД ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, шарафи Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилиро баланд бардоштааст.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

167316741675

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе-2021 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Бразилия, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эфиопия, Қазоқистон, Канада, Олмон ва Россия ширкат варзиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

Н. ҶОБИРОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика