Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков

1067

Сомон Маҳмадбеков, корманд ва варзишгари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир гардид, ширкат варзида, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард.
Ӯ дар рӯзи дувуми мусобиқа, 7-уми апрели соли 2021 баъди ду ғалаба бар рақибонаш аз кишварҳои Яман ва Эрон ба даври нимниҳоӣ баромада, дар ин давр Жансай Смагулов варзишгари Ҷумҳурии Қазоқистонро шикаст дод.
Сомон Маҳмадбеков дар даври ниҳоӣ бо гӯштигири машҳури Кореяи Ҷанубӣ Чангрим Ан, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва ғолиби Doha Masters 2021, мағлуб гардид.

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика