Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ғолиби мусобиқа

999

Тавре қаблан иттило додем дар партави чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати «Рӯзи артиши миллӣ» ва «Наврӯзи байналмилалӣ» шуруъ аз 11-уми феврал дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд» мусобиқаи даставии футболи хурд байни 19 дастаи шӯъба ва ҷузъу томҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Мусобиқа таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи футболи хурди вилояти Суғд тибқи реҷаи системаи даврӣ ҷараён гирифт ва чор дастаи беҳтарину муваффақи мусобиқа дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ДТММ, қисми низомии 3501 ва ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар натиҷа дастаи Раёсат ДТММ-ро бо ҳисоби 3:0 ва дастаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд дастаи Қисми низомии №3501 Раёсати қушунҳои дохилиро бо ҳисоби 5:4 мағлуб карда иштирокчии давраи ниҳоӣ гаштанд.

100010011002

Бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва дастаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нимаи дуюми рӯзи 25-уми феврал баргузор гашт. Дар дақиқаҳои аввали бозӣ футболбозони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо нишон додани бозии мураттабу зебо нисбат ба ҳарифон бартарият нишон дода аввалин шуда ҳисобро кушоданд. Дастаи Раёсат ҳарчанд бо сар додани ду гол ба задани голи ҷавоби муваффақ шуд аммо дар идома ихтиёри майдондориро аз даст дод ва бо ҳисоби 6:1 шикаст хурд.
Ҳаминтавр дастаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд мақоми аввал, дастаи Раёсат ҷойи дуюм ва дастаҳои Қисми низомии №3501 ва ДТММ зинаи сеюми ифтихориро ба номи худ сабт карда, ғолибони мусобиқа эътироф шуданд.

1003

Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат ба ғолибон медалу сипоснома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвазабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин туҳфа ва сипосномаи сардори Раёсат тақдим гардид.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика