Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи варзишгарони «Динамо» ғолиби мусобиқаи кикбоксинг

989

Рӯзи 21-уми феврали соли 2021 аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи кикбоксинги кишвар дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар маҳаллаи Моҳи Нави ш.Душанбе) бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, роҳбарони як қатор федератсияҳои варзишии кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

990991

Зимни суханрониҳои хеш, баромадкунандагон оиди аҳамияти варзиш ба солимии ҷомеа, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон шароитҳои машғул гардидан ба варзиш беш аз пеш рушду инкишоф ёфта, натиҷаи ин заҳматҳоро мо дар пешрафту дастовардҳои варзишгаронамон дар арсаи байналмилалӣ мебинем. Имрӯзҳо, дар саросари ҷумҳурӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ-варзишӣ доир карда шуда, ба он доираи васеи аҳолӣ, ҷавонону наврасон, бонувону калонсолон ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, дар оянда ҷавонону наврасони мо бо кӯшишу ғайрати худ парчамбардорони Ватани азизи хеш гашта, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа саҳмгузор мегарданд.

992993994

Дар идомаи чорабинӣ, барои болидарӯҳии варзишгарону иштирокчиён дар иҷрои ҳунармандони навраси Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» якчанд суруди дилнишин ва рақс пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳамчунин, дар иҷрои оркестри нафасии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Суруди миллӣ садо дода, варзишгарон бо як овоз ва бо ҳисси ватандӯстӣ шеъри онро хонданд.
Бояд қайд намуд, ки барои доварии мусобиқа доварони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ зери роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Зафар Шаймурадов даъват шуда буданд, ки мусобиқаро шаффофу одилона гузарониданд. Мусобиқа мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «ISKA» (Асостсиатсияи байналмилалии варзиши кикбоксинг) гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиён дар 5 синну сол ва 36 вазн қувваозмоӣ намуданд.
Ҳамчунин, намояндаи доварон ва варзишгарон қабл аз баргузории мусобиқа оиди риояи қоидаҳои варзишӣ ботантана қасам ёд намуданд.
Дар мусобиқа 14 дастаи мактабҳои варзишии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 200 нафар варзишгар ширкат варзиданд.
Варзишгарони наврасу ҷавони дастаи «Динамо»-и ВКД дар маҷмӯъ 14 ҷойи аввал, 5 мақоми дуюм ва 3 ҷойи сеюмро ба даст оварда, ғолиби даставии мусобиқа эълон гардиданд. Дастаи варзишгарони «Глори»-и ш.Душанбе ба гирифтани зинаи дуввум ва мактаби варзишии ноҳияи Фархор ба ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.
Ҷойҳои аввалро аз дастаи «Динамо» дар вазни 20 кило Ҳилол Аминов, дар вазни 25 кило Абдуҷалил Саидов, дар вазни 27 кило Муҳсин Муҳаммадиев, дар вазни 28 кило Муҳаммад Нурҷонов, дар вазни 29 кило Бобоҷон Алиев, дар вазни 33 кило Алиҷон Солеҳов, дар вазни 35 кило Муҳаммад Эгамбердиев, дар вазни 45 кило Давлатмурод Азимов, дар вазни 48 кило Шариф Раҳматуллоев, дар вазни 50 кило Билолҷон Азимов, дар вазни 54 кило Комрон Сабзаков, дар вазни 56 кило Билол Расулов, дар вазни 70 кило Фараҳманд Одинаев ва дар вазни беш аз 70 кило Мусо Бобохонзода ишғол намуданд.
Ҳамчунин, дар вазни 20 кило Билол Саидов, 27 кило Саддам Сафаров, дар вазни 30 кило Муҳаммадиқбол Қурбонов, дар вазни 40 кило Иброҳим Қодиров ва дар вазни 38 кило Қамар Саидшарипов мақомҳои дуюми мусобиқаро ноил гардиданд.

995996997998

Ҷойҳои сеюмро дар вазни 27 кило Умар Бобоев, ва дар вазни 48 кило олим Юнусов ва дар вазни 56 кило Шукур Мазитов ба даст оварданд.
Дар охир, дастаҳо ва варзишгарони ғолибу ҷоизадорони мусобиқа дар маросими тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷом, диплом, медал, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи кикбоксинг байн наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» дар сатҳи баланд ва хотирмон доир гардид.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика