Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд дар РВКД ВМКБ

928

Ҳамасола дар саросари мамлакат бо ибтикори Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» аз намуди бозиҳои варзишӣ футболи хурд, волейбол, гуштини миллӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар чорабинии варзишӣ муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Толеҳзода Аъзам Толиб баромад намуда ғолибони мусобиқаи варзишии байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар ВМКБ табрик намуда қайд дошт, ки бо ташаббуси Вазири корхои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон байни кормандони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳои варзишӣ баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, роҳандозӣ мегарданд. Гуфта шуд, ки чунин бозиҳои варзишӣ дар байни ҷавонон ВМКБ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд ҳам давом хоҳанд ёфт.

929930931

Дар мусобиқаи футболи хурд 8 дастаи варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ байни ҳам сабқат намудаанд. Дастаҳои Воҳиди таъиноти махсуст ДТММ РВКД дар ВМКБ, ШХДО, ШВКД дар шахри Хоруғ ва ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон дода ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии финалӣ бозии Воҳидҳои таъиноти махсуси ДТММ РВКД дар ВМКБ бо дастаи ШХДО дар вилоят шавқангез сурат гирифта, дастаи ВТМ ДТММ РВКД дар ВМКБ бо ҳисоби 7:3 ғолибиятро ба даст овард. Дастаи ВТМ ДТММ дар РВКД ВМКБ ғолиби мусобиқа гардида, муовини якуми сардори РВКД дар ВМКБ аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти РВКД дар ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ ба дастаи варзишагорон «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Инчунин барои бозингарони беҳтарин Нодирҷони Собирҷон корманди ШХДО, Ҷумъа Алифбеков корманди ШВКД дар шаҳри Хоруғ ва дарвозабони беҳтарин Қудратзода Ҷаҳонгир корманди Воҳидҳои таъиноти махсуси ДТММ РВКД дар ВМКБ аз ҷониби муовинони сардори РВКД дар ВМКБ бо Ифтихорномаҳои сардори Раёсат қадршиносӣ гардидаанд.

932

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар пеш аз ҳама ташаккули тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ маҳсуб меёбад.

Далер Чоршанбе




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика