Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқа аз намуди футболи хурд дар РВКД дар ВМКБ

1198

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯзҳо дар ВМКБ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мусобиқаҳои варзишии гуногун баргузор мегарданд.

Мусобиқаи навбатӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, ҳифзи сиҳатии ҳайати шахсӣ, рушди варзиши футбол дар мақомоти корҳои дохилӣ, чиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи даставӣ аз намуди футболи хурд дар байни кормандони РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят доир гардид.
Мусобикаи мазкурро муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Толеҳзода Аъзам бо суханони табрикотӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корхои дохилӣ ҳусни оғоз бахшида, афзуд ки пайваста бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миёни ҷавонон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар мусобиқаҳои варзишӣ баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ мегардад.
Дар мусобиқаи варзишӣ 8 дастаи кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят фаъолона ширкат варзиданд. Бояд кайд намуд, ки ҳамасола дар саросари кишвар бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар бозиҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» аз намуди футболи хурд, волейбол, гуштини миллӣ, тениси рӯи миз, шашкаву шоҳмот ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ роҳандозӣ мегарданд.
Мусобиқаи навбатӣ бо ташаббуси роҳбарияти РВКД дар ВМКБ аз намуди футболи хурд байни 8 дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар вилоят баргузор гардид.

11991200

Ҳадафи асосии гузаронидани чунин бозиҳои варзишӣ рушду равнақи варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва таҳкими дӯстӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ғолибони мусобиқаи футболи хурд ва беҳтарин бозингарон аз тарафи роҳбарияти РВКД дар ВМКБ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика