Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бурдбориҳои футболбозони дастаи “Динамо” барои дарёфти “Ҷоми Александр Кирсанов”

709

Дар мусобиқаи анъанавии футболи хурд барои гиромидошти хотираи собиқ фуболбози дастаи “Помир”, “Иригатор” ва “Энергетик” устоди варзиш Александр Кирсанов, ки аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ҳамасола доир карда мешавад, дастаи “Динамо” дар се гурӯҳи синну солӣ ширкат варзида, дар байни ҷавонон ҷойи дуюм, байни собиқадорони аз 40-сола боло мақоми аввал ва миёни собиқадорони аз 55-сола мақоми дуюмро ба даст оварданд.
Мусобиқаи мазкур ин навбат дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ “Динамо”-и ВКД аз 7-ум то 28-уми декабр баргузор гардида, дар умум, дар он 50 дастаи корхонаю идораҳои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Ҳамин тариқ, дастаи ҷавонони “Динамо” миёни 12 даста ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар бозии ҳалкунанда бо дастаи “Соро” ҳисоб дар даври асосӣ 2:2 мусовӣ анҷом пазируфт ва тариқи тӯбзанӣ (пеналти) бо ҳисоби 3:2 дастаи “Соро” дастболо гашта, ғолиби мусобиқа гардид. Дар ин гурӯҳи синнусолӣ дастаи “Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” ба номи академик М.Осимӣ ба зинаи сеюм сазовор гашт.
Дастаи собиқадорони “Динамо”-и аз 40-сола боло нисбатан хубтар ҳунарнамоӣ намуд. Футболбозони собиқадор дар даври ниҳоӣ дастаи “Испечак”-и ш.Душанберо бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохта, барандаи Ҷом дар ин гурӯҳ гашт. Дастаи “Хатлон” зинаи сеюмро соҳиб гардид.
Дар гурӯҳи собиқадорони синну соли 55-сола боло бошад, дастаи “Динамо” дар даври ниҳоӣ аз дастаи “Боғи марказӣ”-и ш.Душанбе бо ҳисоби 4:7 шикаст хӯрда, мақоми дуюми мусобиқа насибаш гашт. Дар ин гурӯҳ дастаи “Экология”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар дар зинаи сеюм ҷой гирифт.

710711

Аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи футболбозӣ Фаррух Хоҷаев аз дастаи ҷавонон ва Александ Дзабирадзе аз дастаи собиқадорони “Динамо” бозингарони беҳтарин дониста шуданд.

Х.Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика